02:15 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Президент Украины Владимир Зеленский во время брифинга в Киеве

Зеленский: бо як занг ба Маскав "тоҷам аз сарам намеафтад"

© AFP 2019 / SERGEI SUPINSKY
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
846 0 0

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина сӯҳбаташ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тавзеҳ додааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Президенти Украина Владимир Зеленский сӯҳбати телефониаш бо раисҷумҳури Русия Владимир Путинро тавзеҳ додааст.

Навори мулоқоти президентро бо наздикони маллоҳони дар Русия боздоштшуда рӯзноманигор Олга Скабеева дар Telegram-канал нашр кардааст.

Дар навор Владимир Зеленский мегӯяд, ки бо як занг ба Маскав ва баррасии озодкунии маллоҳони боздоштшуда "тоҷаш аз сараш намеафтад".

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки омода ба мубодилаи боздоштшудагон аст.

"Масъалаи асосие, ки ман гузоштам, баргардонидани сокинони мо буд. Ҳамаи онҳоро баргардонед", - гуфтааст Зеленский.

Ҳафтаи гузашта Зеленский ба Путин пешниҳод карда буд, ки дар Минск мулоқот кунанд. Ҷониби Русия гуфтааст, ки ин пешниҳодро баррасӣ хоҳад кард.

Владимир Путин доим омодаи муколамаҳо дар мавриди танзими вазъи Донбасс будани Русияро дар ҳамагуна формат таъкид карда, ишора намуд, бояд бархе аз мушкилиҳоро дар назар гирифт.

Сӯҳбати телефонии президентони Украина ва Русия 11 июн бо ташаббуси ҷониби Украина сурат гирифт.

Мавзӯъҳои асосӣ