17:07 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент РФ Владимир Путин

Путин гуфт, кай масъалаи табодули зиндониён бо Украина ҳал мешавад

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Президенти Русия Владимир Путин дар доираи Форуми иқтисодӣ, бо раиси Шӯрои сиёсии Ҳизби "Платформи мухолифин" Виктор Медведчук дидору гуфтугӯ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар чорчӯби Форуми иқтисодӣ, ки рӯзҳои 4-6 сентябр дар Владивосток баргузор шуд, ба раиси Шӯрои сиёсии Ҳизби "Платформи мухолифин" Виктор Медведчук гуфт, ки масъалаи табодули зиндониён миёни Русия ва Украина ба наздикӣ ҳал хоҳад шуд.

Дар ин бора РИА Новости менависад.

Медведчук гуфт, мардуми Украина интизоранд, кай раҳбари ду кишвар дар ин масъала нуқта мегузоранд.

Маълум шуд, ки нахустин дидори Путин бо Зеленский кай ва дар куҷо баргузор мегардад

Сиёсатмадори украинӣ дар ин росто аз зиндониён Станислав Клиха ва Николай Карпюк ёдоварӣ кардааст.

Владимир Путин гуфтааст, ки нисбати ин ду зиндонӣ Русия "мавқеъи вижа" дорад.

Суҳбати телефонии Путин ва Зеленский: тафсилоти гуфтугӯи президентҳо

Ба гуфти ӯ ин масъала барои Маскав мушкил аст.

"Албатта мо ба ҳамин самт ҳаракат дорем ва чуноне пештар гуфта будем, ҳамроҳи раҳбарияти кишвар хулосаҳоямонро якҷоя эълон хоҳем кард", - қайд кард Владимир Путин.

Ёдрас мешавем, ки Додгоҳи олии Чеченистон соли 2016 шаҳрвандони Украина - Станислав Клиха ва Николай Карпюк - аъзоёни созмони дар Русия мамнӯъро, ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Барчаспҳо:
маҳбусон, зиндон, Владимир Путин, Русия, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ