06:58 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Учебно-боевой самолет Як-130 на международном авиасалоне Dubai Airshow 2019 в Дубае

Як-130 ва Ми-38-и русӣ  ба бозори авиатсионии сатҳи ҷаҳонӣ баромаданд

© Sputnik / Александр Мельников
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Дар намоишгоҳи авиатсионии Дубай, ки дар ҷаҳон дар ҷои сеюм қарор дорад, чархболи Ми-38 ва Як-130 русӣ ба намоиш гузошта шуданд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Тавонои авиатехникаҳо ва нархи арзон яке ах хусусиятҳои асосии онҳо Як-130 ва Ми-38 мебошад. Намоишгоҳи авиатсионии Дубай – Dubai Airshow 2019, ки дар ҷаҳон дар ҷойи 3-юм қарор дорад авиатехникаҳои ҳарбии Русия барои намоиш даъват карда буд.

Дар намоишгоҳи авиатсионии Dubai Airshow 2019 аз 76 кишвари дунё 1200 ташкилот ҷамъ омада буданд. Барои корпаратсияи авиатсионии Русия намоишгоҳи Дубай як майдони қулай барои намоиши техникаҳои ҳарбии авиатсионии худ буд. Маҳз дар чунин мавридҳо метавон имкони муҷовимату муқобилияти авиатехникаҳоро метавон муқоиса кард.

Дар намоишгоҳи авиатсионии Дубай чархболи Ми-38 ва Як-130 русӣ ба намоиш гузошта шуданд ва Шоҳзодаи Абу-Доби Муҳаммад ибни Зайд Ал-Нахайян алакай аз Ми-38 дидан кардааст. Дохили Ми-38-ро ба шоҳзода, вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров нишон додааст. 

Ми-38-ро на танҳо дар корҳои махсус, мусофиркашонӣ дар соҳаи ҳарбӣ, балки дар барномаҳои тобистонаи низомӣ  низ истифода мекунанд.

Чархболи Ми-38 машинаи “люкс” дониста мешавад ва диққати шайхҳои арабро ҷалб кардааст. Ми-38-ро ба шоҳзодаи Абу Даби  вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров намоиш додааст. 

Муҳаммад ибни Зайд Ал-Нахайян ва Мантуров якҷоя дохили чархболро тамошо кардаанд.

Чархболи Ми-38 на танҳо барои муштариёни VIP пешбинӣ шудааст. Ин чархбол барои бисёр корҳост: онро метавон ба сифати мошинаи “госпиталӣ”, боркаш ва ҷустуҷӯи истифода кард. 

Ми-38 метавонад дар дилхоҳ ҳарорати ҳаво чӣ дар шимол, чӣ дар минтақаи тропикӣ фаъол бошад. ИАА, ки бештар техникаҳои амрикоӣ харидорӣ мекарданд, ҳоло ба навъҳо русӣ назар кардаистодаанд. 

Ба ҷуз Ми-38 дар намоишгоҳи ИАА ҳамчунин Як-130 буд, ки он муваффақтарин мошинаи ҷангии даҳсолаи охир дониста мешавад.

Барчаспҳо:
намоиш, чархбол, Дубай, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ