Зеленский ба сарвазир Гончарук шонси дуюум дод

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимний мулоқот раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба сарвазир Гончарук як қатор супориш ва масъулиятҳои нав дод

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.  Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский қабули истеъфои сарвазири кунунии ин кишвар Алексей Гончарукро рад кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати Зеленский ба шаҳрвандони Украина пас аз суқути ҳавопаймо дар Эрон

Ҳангоми мулоқот бо Гончарук, раҳбари Украина изҳор намудаст, ки пас аз сабти аудиоии пурмоҷаро ба ӯ шонси дуюм медиҳад ва якчанд вазифаҳои навро бар дӯши ӯ мегузорад.

"Ман аз шумо номаи истеъфо гирифтам. Вобаста ба ҳолатҳои охирин дар робита ба сабти аудиоие, ки дастраси ҳамагон шуд, тасмим гирифтам ба шумо ва тиматон шонси навбатӣ диҳам, дар сурате агар аз иҷрои чанд вазоифи нав бароед", - изҳор намудаст Зеленский дар наворе, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардид.

Талаби Зеленский аз Эрон: пардохти ҷуброн ва тафтишоти бетаъхир

Аз ҷумла, яке аз вазифаҳои гузошташуда таҳияи консепсияи нави музди меҳнат барои вазоратҳо ва ширкатҳои давлатӣ мебошад.

Қаблан дар канали YouTube сабти овозие бо номи "Чӣ гуна президентро бояд фиреб кард" роҳ ёфт. Эҳтимол меравад, ки дар аудио мулоқоти ғайрирасмии сарвазир бо вазирон ва роҳбарони баъзе идораҳо сабт карда шудаст.

Зеленский сарвазири нави Украинаро интихоб намуд

Дар сабтҳои аудиоӣ, марде бо овози ба Гончарук  монанд, Зеленскийро "бемаданият" гуфта, изҳор доштаст, ки ӯ "дар сараш туман дорад".

Пас аз паҳн гардидани ин сабт Алексей Гончарук истеъфо дод.

Лентаи хабарҳо
0