00:47 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
583 0 0

Пештар вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф эътироф кард, ки ҳавопаймои Украина дар Эрон тасодуфан зада шуд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputniк. Владимир Зеленский президенти Украина изҳор дошт, ки аз Эрон эътирофи расмии зада шудани ҳавопаймо, узрхоҳии расмӣ аз хонаводаҳои қурбониён, пардохти ҷуброн ба оилаҳои азодоронро талаб дорад, хабар медиҳад РИА Новости.

Владимир Зеленский изҳори умедворӣ кард, ки қазияи суқути ҳавопаймои ширкати Украинӣ бетаъхирот гузаронида шавад.

Пештар вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф эътироф кард, ки ҳавопаймои Boeing 737 Украина дар Эрон, тасодуфан ба далели хатогии инсонӣ, зада шуд.

"Сомон Эйр" муваққатан парвозро аз болои Эрон қатъ мекунад

Субҳи 8 январ дар наздикии Теҳрон дар пайи суқути ҳавопаймои Boeing-737 Киев-Теҳрон бештар аз 180 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳавопаймо ба ширкати украинӣ тааллуқ дошт ва бештари мусофирон шаҳрвандони Эрон буданд.

Украина барои қурбониёни суқути Boeing дар Теҳрон мотам эълон кард

Зимнан, 63 нафари ҳалокшудагони ин ҳодисаро шаҳрвандони Канада, 11 нафар аз Украина, 10 шведӣ, 12 тан шаҳрвандони Афғонистон, 3 нафар аз Олмон ва 3 тани дигар аз Британияи Кабир ташкил медиҳанд.

Хурдсолтарин қурбонии ин ҳодисаи даҳшатбор ҳамагӣ як сол доштааст.

Барчаспҳо:
ҷуброн, талаб, Эрон, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ