Рақиби навбатии Макгрегор Нурмуҳаммадов мешавад - президенти UFC

© AP / John LocherХабиб Нурмагомедов
Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Размикори ирландӣ Конор Макгрегор рақиби амрикоии худ Доналд Серронеро дар 40 сонияи даври аввал шикаст дод. Ин рақобати аввалини Макгрегор пас аз шикаст дар соли 2018 аз дасти Нурмуҳаммадов мебошад

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Рақиби навбатии Конор Макгрегор размикори русиягӣ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов мешавад.

Бой Макгрегор - Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб Нурмуҳаммедов дигар Конор Макгрегорро рақиби худ намедонад

Дар ин бора, президенти UFC Дэйна Уайт дар нишасти хабарӣ дар Лас - Вегас гуфт.

Пирӯзӣ дар 40 сония: Макгрегор Серонеро оғуш кашиду бӯсид-видео

Қаҳрамони собиқи UFC, размикори ирландӣ Конор Макгрегор рақиби амрикоии худ Доналд Серронеро дар 40 сонияи даври аввал шикаст дод. Ин рақобати аввалини Макгрегор пас аз шикаст дар соли 2018 аз дасти Нурмуҳаммадов мебошад.

"Конор имрӯз олӣ буд. Беҳтар аз дигар рақобатҳо. Ӯ бисёр мехоҳад бо Ҳабиб реванш дошта бошад. Пас аз рақобати имрӯза реванши онҳо муҳимтарин дар таърих хоҳад буд. Ин рақобат бояд навбатӣ шавад", - гуфт Уайт.

Раҳбари UFC бовар дорад, ки реванш бо варзишкори ирландӣ "барои мероси Нурмуҳаммадов бисёр муҳим аст".

"Ӯ Конорро зад. Агар ӯ Тонӣ Фергюсонро мағлуб кунад ва боз Конорро шикаст диҳад, фаъолияти варзишияшро пас аз шикаст додани беҳтаринҳо, бо омори 30:0 (30 пирӯзӣ ва ягон мағлубият - шарҳ аз идора) метавонад анҷом диҳад. Ин кори бесобиқа мешавад", - изҳор дошт Уайт.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов соли 2018 дар доираи рақобати UFC 229 Конор Макгрегоро мағлуб карда буд.

Лентаи хабарҳо
0