00:09 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Мутахассисон феълан доруҳои зидди ВИЧ, вирус ва дигар бемориҳои сироятиро омезиш медиҳанд, то ваксин алайҳи коронавирусро пайдо кунанд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Муовини вазири илм ва технологияҳои Чин Сюй Нанпин замони озмоиши ваксин алайҳи маризии сироятии "вируси тоҷдор" - ро эълом намудаст.

Ба изҳори ӯ, феълан  ҳукумати Чин дар ҳамдастӣ бо дигар кишварҳо дар садади омода намудани ваксин алайҳи коронавирус қарор доранд.

"Озмоиши ин ваксин на дертар аз моҳи апрел ба роҳ монда мешавад", - афзудаст Нанпин.

Қаблан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар дода буд, ки натоиҷи ду санҷиши доруҳои зидди коронавирус мобайнҳои моҳи март ба даст оварда мешавад.

Ҳисоботи охирини маргу мир бар асари коронавирус: тасвирбаён

Ба гузориши созмони мазкур, дар яке аз санҷишҳо мутахассисон омезиши ду доруи зидди ВИЧ, лопинавир ва ритонавирро санҷишанд ва дар озмоиши дуввум доруи зидди вирус ремдисивирро мавриди санҷиш қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз Чин ба дигар кишварҳо доман зад.

Феълан гирифторони короноврус дар 25 кишвари қора ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди қурбониёни ин маризӣ аллакай ба 2247 нафар расидааст.

Барчаспҳо:
дору, санҷиш

Мавзӯъҳои асосӣ