22:39 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
933 0 0

Дастури сарвазири Ҳиндустон Норенда Модӣ бобати набаромадани шаҳрвандон аз хонаҳои худ ба муддати 21 рӯз, таъсири баръакс дод. Шаҳрвандони ба ваҳм афтода ба кӯчаву бозорҳо рехтанд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сарвазири Ҳиндустон Норендра Модӣ дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, дастур дод, ки шаҳрвандони ин кишвар аз хонаҳои худ берун набароянд, хабар медиҳад  India Today.

Ин маҳдудият дар Ҳиндустон сар аз имрӯз, 25 – уми март то 21 рӯзи дигар идома меёбад.

Модӣ дастур дод, ки ҳар як иёлат, минтақа ва деҳот давоми се ҳафта комилан баста хоҳад шуд.

Аммо бо ироа шудани ин дастур, шаҳрвандони ба ваҳмомада на дар хонаҳои худ, балки  баръакс барои харид ва захира кардани маводи озӯқаворӣ ва дигар ашёҳои лозим, ба кӯчаву бозорҳо рехтанд.

Дар Эрон аз коронавирус наздик ба ду ҳазор нафар фавтиду, нуҳ ҳазор нафар беҳбуд ёфт

Ҳарчанд, Модӣ қаблан мардумро ба оромӣ даъват намуда буд, аммо селаи мардумон дар даромадгоҳи мағозаҳо қатор – қатор дар навбат истода, маводи хӯроквориро барои захира кардан, харидорӣ намуданд.

Бар тибқи охирин маълумотҳо, дар Ҳиндустон то имрӯз 562 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, ки аз ин миён 11 нафар ба ҳалокат расида, 40 маризи дигар шифо ёфтанд.

Барчаспҳо:
акс, навор, дастур, сарвазир, Ҳиндустон

Мавзӯъҳои асосӣ