18:13 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
714 0 0

Мақомоти Русия тасмим гирифтааст ба хотири кам кардани робитаи мардум ба як дигар, ки яке аз омилҳои аслии сирояти коронавирус аст, рӯзҳои таътилро тамдид кунад

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Вобаста ба буду боши ҳар як минтақаи Русия робитаи мардумро ба хотири ҷилавгири аз паҳншавии СOVID-19 кам кардан лозим аст, гуфт муовини сарвазириРусия Татяна Голикова.

Вазорати тандурустӣ: ҳоло 3913 нафар дар беморхонаҳои сироятӣ дар қарантина қарор доранд

Татяна Голикова ин нуктаро зимни ҷаласаи фосилавӣ бо роҳбари Русия Владимир Путин таъкид кардааст.

Вай афзуд,  чораҳои қарантина вобаста ба буду боши ҳар як минтақаи Русия бояд тамдид карда шавад.

Даргузашти як тоҷик аз коронавирус дар Ню-Йорк

“Агар мо се рӯзи таътилро, ки бо фармони шумо эълон шуда буд, баҳогузорӣ кунем, гуфтан лозим аст, ки чораҳои кам кардани робитаи мардум ба хотири ҷилавгири аз паҳншавии СOVID-19 бояд тамдид карда шавад”, - гуфт муовини сарвазири Русия.   

Инчунин, роҳбари Хадамоти назорати истеъмолӣ (Роспотребнадзор) ва сардухтури беҳдоштии Русия Анна Попова  пешниҳоди тамдиди рӯзҳои таътилро дастгирӣ карданд.

Попова афзуд, ки муҳлати карантин 14 рӯзро ташкил медиҳад ва ба ҳамин хотир чораҳои кам кардани робитаи мардум ба хотири ҷилавгири аз паҳншавии СOVID-19 низ бояд то ҳамин муҳлат тамдид карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки санаи 25 марти соли равон ба хотири ҷилавгири аз паҳншавии коронавирус Русия, роҳбари ин кишвар Владимир Путин, як ҳафта аз 28 март то 5 апрелро рӯзи таътил эълон карда буд.

Вай таъкид дошт, ки ин чораи пешгирифта паҳшавии коронавирус дар Русияро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол Владимир Путин таъкид кард, ки дар ин ҳафтаи таътил ҳуқуқи моҳонаи мардум пардохт мешавад.

Барчаспҳо:
таътил, омил, мардум, робита, мақомот, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ