23:51 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (587)
229 0 0

Маскав дар радифи шаҳрҳои бузурги дунё қарор гирифт, ки дар мубориза алайҳи маризии коронавирус пешгом буд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Сергей Собянин шаҳрдори Маскав дар мусоҳиба бо шабакаи Россия 1 дар бораи он, ки мақомоти шаҳрдорӣ оқибатҳои бекор кардани маҳдудиятро чӣ гуна арзёбӣ мекунанд ва чаро Маскав яке аз шаҳрҳои пешрафта дар мубориза алайҳи пандемияи коронавируси COVID-19 номида шуд, ибрози назар кард.

Шаҳрдори Маскав дар ҷараёни мусоҳиба аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки зиндагӣ дар шаҳр боз ба маҷрои пештара ворид шуд. Кӯчаву хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳамзамон дохили нақлиёти ҷамъиятӣ боз серодам шуд.

Собянин: корхонаҳои саноатию сохтмонҳо кушода шаванду аҳолӣ дар хона монад

Собянин мегӯяд, сокинони Маскав бояд аз худ биму тарсро дур кунанд, зеро марҳилаи хавф аллакай паси сар шуд ва бояд ба ҳаёти муқаррарӣ одат кард.

"Вазъият аз лиҳози паҳншавии коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Бале то ҳол мавориди нави сироятшавӣ ба ин маризӣ дар пойтахт ба қайд гирифта мешавад, вале ин ҳолатҳо дар қиёс ба моҳҳои пеш ночиз аст. Мо бояд бидуни тарсу ҳарос ба ҳаёти муқаррарӣ баргардем", - изҳор доштааст Собянин.

Ба гуфтаи ӯ Маскав миёни аксар бузургшаҳрҳо дар мубориза бо маризии коронавирус пешгом буд.

"Дастгирии бевоситаи раисҷумҳур, мақомоти шаҳрдорӣ ва алалхусус пизишкони ботаҷриба боиси он шуд, ки Маскав аз ин вабо бо талафоти камтарин берун ояд", - илова намуд шаҳрдор.

Ба таъкиди Собянин ҳоло танҳо баргузории чорабиниҳои васеъмиқёс ва фестивалҳо дар шаҳри Маскав мамнӯъ аст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (587)
Барчаспҳо:
Маскав, Сергей Собянин

Мавзӯъҳои асосӣ