00:13 03 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.60
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
528 0 0

Навзоде зери назорати қатъии кормандони қатора то расидан ба истгоҳи муаян ба дунё омад

ДУШАНБЕ, 16 феврал - Sputnik. Дар Қазоқистон зане дар рӯзи ошиқон дарқатораи №85-уми қатора таваллуд кард.

Тибқи маълумоти ҶСК "Нақлиёти мусофирбар", зани нӯҳмоҳа ҳомиладордар масири Сариагаш-Нур-Султон ҳаракат мекард.

Ба иттилои манбаъ, зан дар масири Сариагаш - Нур-Султон, ки мебоист аз Тараз ба Павлодар равад, дар роҳ таваллуд кардааст.

Гуфта мешавад, зан ҳангоми ҳаракат мефаҳмад, ки замони таваллуд расидааст ва барои кӯмак роҳбаладро даъват мекунад.

Ду духтар ва ду писар: зане дар Душанбе чоргоник таваллуд кард

Манбаъ мегӯяд, барои расонидани ёрӣ ба истгоҳи нагдиктарин ёрии таъҷилӣ даъват карда шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори қатора Алдияр Тенгешев ва роҳбалади навбатдор Зина Кунусбоева барои таваллуди зан кӯмак кардаанд.

Духтарак дар даромадгоҳи истгоҳи Акадир таваллуд шудааст, ки ӯро Амина меномиданд.

Табибон зан ва кӯдаки навзодро муоина карданд. Модар дар беморхона хобиданро рад карда, роҳро то ба истгоҳи зарурияш идома додааст.

Барчаспҳо:
қатора, таваллуд, зан, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ