12:17 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
73110

Донишмандон дар тааҷҷубанд ва ба дурустӣ намедонанд чаро шумори мубталоёнb бемории Ковиди-19 дар Ҳинд ба шакле чашмгир коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Коҳиши нисбии шумори мубталоёни ҷадид ба вируси корона дар Ҳинд, донишмандонро дар ҳайрат гузоштааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии "Ал-Олам". 

Тибқи иттилои манбаъ, коҳиши шуюъи вируси корона дар Ҳинд аз моҳи сентябри соли гузаштаи милодӣ оғоз шуд ва ҳоло ин кишвар рӯзона ҳудуди 11 ҳазор мавриди ибтилоии ҷадидро сабт мекунад, ки ин рақам дар даврони авҷи шуюъи вируси корона дар Ҳинд ҳудуди 100 ҳазор нафар дар рӯз буд. 

Донишмандон барои ин коҳиш, ки тақрибан дар тамоми манотиқи Ҳинд қобили мушоҳида аст, далоили мухталиферо матраҳ карда ва бархе аз онон мӯътақиданд мумкин аст бархе аз манотиқ ба нуқтаи мавсум ба “амнияти ҷамъӣ” ва ё “амнияти гилаӣ” расида бошад. 

Манбаъ таъкид доштааст, ки шояд ҳиндуҳо инчунин метавонанд аз ҷиҳати генетикӣ мусаллаҳ бошанд, ки ин онҳоро нисбат ба коронавирус нисбатан хуб муҳофизат мекунад.

Агарчӣ давлати Ҳинд мӯътақид аст бахше аз ин коҳиш метавонад ба иҷборӣ истифода аз ниқоб дар манотиқи умумӣ ва пуррафту омад муртабит бошад, зеро ниқоб напӯшидан дар шаҳрҳои Ҳинд ҷаримаҳои вазнине ба ҳамроҳ дорад, аммо мутахассисон мӯътақиданд коҳиши ибтило ба корона дар Ҳинд дар шароите рӯй медиҳад, ки истифода аз ниқоб низ дар бисёре аз манотиқ рӯ ба коҳиш аст. 

Коронавирус асабҳоро ҳам хароб мекунад - пизишкон

Токунун беш аз 11 миллион нафар дар Ҳинд ба вируси корона мубтало шудаанд ва беш аз 155 ҳазор нафар бар асари он ҷони худро аз даст додаанд.

Барчаспҳо:
беморӣ, коҳиш, донишмандон, вируси корона, Ҳинд

Мавзӯъҳои асосӣ