01:51 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ёсуман Исмонзода, Манижа Тошболтаева и посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов

Пирӯзии Ёсуман, Манижа ва дигар наврасони тоҷик дар озмуни тезҳушӣ

© Sputnik Стас Этвеш
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
16840

Ёсуман Исмонзода, Манижа Тошболтаева ва дигар шогирдони Омӯзишкадаи риёзии зеҳнӣ "Империя знаний" дар олимпиади байналимилалӣ дар Маскав қаҳрамон шуданд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Духтарони тезҳуши тоҷик Ёсуман Исмонзода ва Манида Тошболтаева, ки чанде пеш дар барномаҳои телевизионии Русия дурахшида буданд, ин бор ҳамроҳ бо дигар ҳамсабақҳояшон баранда шуданд.

Ёсуман Исмонзода
© Фото: Стоп кадр с программы на телеканале Россия-1

Ба гузориши равобити умумии омӯзишкадаи "Империя знаний", Ёсуман, Манижа ва дигар шогирдони ин омӯзишкада дар олимпиади байналмилалии риёзии зеҳнӣ дар Маскав 12 медол, аз ҷумла 5 медоли тилло, 5 нуқра ва 2 биринқӣ ба даст оварданд.

Шогирдони Омӯзишкадаи риёзии зеҳнӣ "Империя знаний" дар озмуни ҳуши риёзӣ "GeniusKid-2017" дар шаҳри Маскав ҷои аввалро ба даст оварда ва Ҷоми озмуни тезҳуширо ба Тоҷикистон бурданд.

Дар ин озмун 250 кӯдаку наврас аз 6-сола то 15-сола ширкат карданд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун 15 кас ширкат кард, ки ҳамаашон шогирдони Омӯзишкадаи риёзии зеҳнии шаҳри Душанбе "Империя знаний" ҳастанд.

Пеш аз ин озмун шогирдони ин омӯзишкада бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дидор карданд. Вай дар ин дидор ба кӯдакону наврасон дар озмун пирӯзӣ орзу кард.

Ёдоварӣ мекунем, ки Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева чанде пеш дар барномаи "Удивительные люди" дар шабкаи телевизионии "Россия 1" ширкат карда ва бо тезҳушии худ мардумро шигифтзада карда буданд.

Ёсуман Исмонзода ба осонӣ метавонад рақамҳои дурақамӣ ва серақамиро дар зеҳнаш зарбу тақсим кунад.

Манижа Тошболтаева бо чашм суръати ҳаракати худравҳоро муайян мекунад, ки барои ин қобилияташ доварон ӯро "духтар-радар" унвон карданд.

Дети в посольстве Таджикистана
© Sputnik Стас Етвеш
Дети в посольстве Таджикистана
Барчаспҳо:
тезҳушии риёзӣ, озмуни ҳуш, Империя знаний, Ёсуман Исмонзода, Манижа Тошболтаева, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ