05:48 21 августи 2017
Пахши мустақим
Сел дар Дарвоз

Ба сокинони Дарвоз хаймаҳо ва маводи озуқаворӣ доданд: хисорот номаълум

© Фото: Аз саҳифаи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел дар Дарвоз (12)
274 0 0

Ба дохили 22 хонаи истиқооматӣ об даромада, то ҳанӯз ҳаҷми хисорот муайян нашудааст. Инчунин 800 метри роҳи автомобилгард, ки як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кулоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма-Қароқурум мебошад, зери об монда, ҳаракати нақлиётро баст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 8 июл бар асари якбора гарм шудани ҳарорати ҳаво дар ҳудуди Афғонистон, дар деҳаи хаммарз бо қишлоқи Хостави ноҳияи Дарвоз фаромадани сели калонҳаҷм ба қайд гирифта шуд.

Дар натиҷа сатҳи дарёи Панҷ баланд гардида, ба соҳили тарафи Тоҷикистон баромад.

Ба иттилоъи манбаъ то ин замон оби болои роҳ аз 80 см то 1 метр аст.

Гуфта мешавад, ки сокинони манзилҳояшон зери об монда, бо раиси вилоят суҳбат кардаанд ва дар манзилҳои хешовандонашон ҷой гирифтаанд.

Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят гуфтааст, ки бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии оилаҳои зарардида маводҳои озуқавории мавриди ниёзи аввал  равона карда шуда, дар фурсати наздиктарин дастрас хоҳад гашт.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии ФОКУС барои оилаҳои зарардида хаймаҳо ва лавозимоти рузгор тақсим карда шуд ва айни ҳол бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ барқароркунии қитъаи зарардидаи роҳ, идома дорад.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар паи омадани сел дар Дарвоз даҳ манзил хароб гардидааст.

Дар давоми як ҳафта дар Тоҷикистон даҳҳо манзили зист аз омадани сел хароб гаштанд. Сел дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич 25 манзилро хароб карда бошад, дар деҳаи Амондараи Панҷакент 70 хонаро валанор кард.

Мавзуҳо:
Сел дар Дарвоз (12)

Мавзуъ

Сел дар ВМКБ даҳ манзилро хароб карда роҳи Душанбе-Кулмаро баст
Ҳушдор аз омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар Тоҷикистон
Чӯпоне дар Панҷиканд барои огоҳ кардани мардум аз хатари сел бо медол арҷгузорӣ шуд
Марги чӯпон, ҷароҳати наврас ва корношоям гаштани роҳу заминҳои корӣ дар пайи фаромадани сел
Барчаспҳо:
хисорот, сел, Нилуфар Асламшоева, Дарвоз

Мавзӯъҳои асосӣ