Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд дастгоҳи кулолгарӣ ихтироъ кард

© SputnikНочь в музее в Душанбе
Ночь в музее в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дастгоҳи ихтироъкардаи соҳибкори хуҷандӣ, ба воситаи барқ кор карда, дар як соат беш аз 16 маҳсулоти кулолгарӣ истеҳсол мекунад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастгоҳи кулолгарӣ ихтироъ намуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

"Нӯъмон Ҳасанов мегӯяд, ки суханҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар садо дода буданд, яъне «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад» ӯро ба чунин навоварӣ рӯҳбаланд намуданд",-омадааст дар хабарнома.  

Беспилотный летательный аппарат (БПЛА) - Sputnik Тоҷикистон
Парвози нахустин ҳавопаймоҳои 25 ҳазор доллараи истеҳсоли Тоҷикистон

Дастгоҳи мазкур ба воситаи барқ кор карда, бо ёрии он дар як соат зиёда аз 16 маҳсулоти кулолгарӣ истеҳсол кардан мумкин аст.

Наврасони хуҷандӣ киштиҳои кайҳонпаймо ва дарёпаймои ояндаро ихтироъ карданд

Мақсад аз ихтирои дастгоҳи мазкур рушди ҳунари кулолгарӣ, зиёд намудани маҳсулнокии кори кулолгарон, ҷалби ҷавонон ба ин касб мебошад.

Аз “жигулӣ” трактор сохту дар хидмати мардум гузошт: ихтироъкории Ғуломҳайдаров дар ВМКБ

Пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон ду намуд ҳавопаймои бесарнишин, ки яке бо қувваи барқ ва дигаре бо сӯзишворӣ кор мекунад, рӯнамоӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала