Сардорони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсуд ба Душанбе меоянд

© Sputnik / Стас ЭтвешФлаги СНГ, архивное фото
Флаги СНГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайатҳои ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон озими пойтахти Тоҷикистон мешаванд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи сардорони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон
Шойгу вазъ дар марзи кишварҳои ИДМ-ро ваҳим хонд

Конфронси мазкур аз рӯзи 21 то 24 август дар шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт. Ба ҳамоиши мазкур роҳбарони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон ташриф хоҳанд овард.  

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ давлатҳои ИДМ баргузор гардид

Сардорони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсуд зимни дидор масъалаи дурнамои ҳамкориҳои муштарак ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, инчунин ташкили низомҳои муштараки низомиро баррасӣ хоҳанд кард.

Инчунин, зимни сафари корӣ Сардорони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ аз “Кохи Наврӯз”, “Боғи Ирам” ва Осорхонаи миллӣ боздид хоҳанд кард.   

Чаро мақомотҳои амниятии кишварҳои ИДМ ба Душанбе меоянд?

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Душанбе Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии Вазорати умури хориҷаи кишварҳои ИДМ баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала