Дуконҳои ройгон ҳам кор надод: чаро савдогарон ба бозори “Суғдиён” - и Хуҷанд намераванд?

© SputnikБозори "Суғдиён" дар Хуҷанд
Бозори Суғдиён дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Бо гузашти қариб ду сол дида мешавад, ки пешниҳоди нуқтаҳои ройгони савдо ба завқи тоҷирон нахурдааст ва дукону растаҳои калонтарин бозори Хуҷанд “Суғдиён” ҳамоно бе фурӯшандаву хариддор холӣ аст
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Масъулони бозори “Суғдиён” и Хуҷанд ҳанӯз моҳи июли соли 2019, бо пахши эълон аз шабакаҳои телевизионӣ дар бораи то шаш моҳ ба таври ройгон додани ҳудуди 2000 нуқтаи савдо ба фурӯшандаҳои маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод намуда буданд.
Бозори Панҷшанбе-и шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Қарори Додгоҳи иқтисодӣ: соҳиби бозори "Панҷшанбе" баъди 20 сол иваз шуд
Ин иқдом ба хотирии ҷалби ихтиёрии савдогарон ва ба ин васила густурда шудани фаъолияти бозор арзёбӣ мешуд. Аммо бо гузашта бештар аз як сол дида мешавад, ки аксар дуконҳои ин бозор ҳамоно холӣ аст.
Абдураҳим Абдуллоев, директори бозори “Суғдиён” и Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки чаро то ба ин дам бозор аз савдогарон холӣ аст. Ӯ гуфт, онҳое, ки дар вақти сохтмони бозор барои гирифтани мағоза ҳаваманд буданд, аз баҳри тиҷорат баромада шуғли худро иваз кардаанд.
“Дар оғози кор бисёриҳо ҳавасманди ҳамкорӣ кардан буданд, аммо ҳоло онҳо аз баҳри савдогарӣ баромадаанд. Чаро инро худошон медонанд. Бар зами ин хуруҷи пандемия ҳам сабаб шуд ва ба кори аксар тоҷирон зарба зад”, - гуфт раиси бозор.
Дар Душанбе ба ҷойи бозори собиқ "Ҷал-Ҷам" шаҳраки замонавӣ месозанд
Бозори “Суғдиён” соли 2013 дар маҳаллаи 3 юми Хуҷанд дар масоҳати наздик ба 9 гектор бо саҳми Абдураҳим Абдуллоев ва падару бародараш бунёд шудааст. Он аз ду ошёна ва 2000 дукон ё нуқтаи савдо иборат буда, аз бузургтарин бозорҳои Хуҷанд ба ҳисоб меравад.
Яке аз савдогарони бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, сабаби кам мурур кардани мардум ба бозори навро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, дар канори шаҳр ҷойгир шудани бозор яке аз сабабҳоест, ки на ҳама фурӯшандаҳо он ҷойро интихоб мекунанд. Аз сӯи дигар мушкили пардохти андоз ва кредити бонк дигар аз сабабҳо ба ҳисоб мераванд.
Шӯро оид ба рушди тиҷорати электронӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Тоҷикистон бозори фурӯши онлайниро рушд медиҳад
 “Фурӯшанда пеш аз он, ки ҷойро интихоб кунад, шумори хариддорони молро фикр мекунад. Бисёре аз тоҷирон маблағи дурусти гародон надоранд ва дар шароити кнунӣ аз фоизҳои кредити бонкӣ ва пардохти андоз меҳаросанд”,  -гуфт савдогари бозор.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ арзиши иҷораи дукон ва растаҳо дар бозорҳо якранг нест ва ҳар як як метр мураббаъи он аз 35 то 45 сомонӣ баробар будааст. Барои мисол ҳадди миёнаи қиммати дуконе, ки 10 метри мураббаъ аст 350-450 сомонӣ рақам зада мешавад.
Масъулони “Суғдиён” мегуянд, баъд аз шаш моҳи ба таври ройгон истифода намудан, онҳо омодаанд бо қиммати то панҷоҳ дарсад поён аз дигарон дуконҳоро ба савдогарон ба иҷора пешниҳод кунанд. Як фурӯшандаи ин бозор, ки худро сокини деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич муаррифӣ кард, гуфт, барои фаъолият намудан масъулин ҳама шароитро барои савдогарон дуруст кардаанд.
“Барои онҳое, ки аз навоҳии дурдаст ба ин бозор ба савдогарӣ меоянд ҷойи хоб муҳайё карда шудааст. Шароити бозор васеъ ва мавқеи ҷойгиршавиаш ҳам аз лиҳози воридоти бор хуб аст”, - гуфт ӯ.
Зимнан ба ҳисоби “Панҷшанбе” ва “Ҷумъабозор”, “Суғдиён” сеюмин бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд ба ҳисоб меравад.
Ин бозор дар даромадгоҳи шарқии Хуҷанд ҷойгир аст шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон -Чаноқ аз канори он мегузарад. Баъзе аз коршиносон мегуянд, ин чунин мавқеи ҷуғрофӣ дар оянда барои рушди кори бозор мусоидат хоҳад намуд.
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Ба буҷет 600 миллион сомонӣ кам ворид шуд: Кумита гуфт чаро нақшаи андоз иҷро нашуд
Соли 2015 як дафъа ҳам мақомот барои ба таври ихтиёрӣ куч додани таксиҳои масири Хуҷанд-Душанбе аз автовокзали Хуҷанд, ба ин бозор пешниҳод намуда буданд, вале аз сабаби камбуди мусофирон ронандаҳои таксӣ дубора ба автовокзал баргаштанд.
Дар гузашта ҳолатҳои маҷбуран пур кардани бозорҳои навбунёд аз ҳисоби савдогарон, зиёд расонаӣ шуда буд, ки онро ҳомиёни ҳуқуқ мисоли барҷастаи поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон таъкид менамуданд.
Масъулини бозори “Суғдиён” таъкид мекунанд, ки онҳо мунтазири ба таври ихтиёри омадани фурӯшандаҳо буда, маҷбуран кучонидани савдогаронро амали берун аз доираи қонун аст.
Абдураҳим Абдуллоев гуфт, барои густариши фаъолияти бозор ҳамкориро бо тоҷирон кишварҳои Русия ва Қазоқистон ба роҳ монда, воридот ва фурӯши яклухти маводи талаботи ҳаррӯза бо мисли орду шакарро бо нархи нисбатан арзон дар бозор ба роҳ монданиянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала