Баъди шаш сол: ҳукумати Хуҷанд калиди хонаҳои ваъдагиро ба 33 оила супорид

© пресс-служба Мэрия ХуджандаДақдими хонаҳо ба сокинон дар Хуҷанд
Дақдими хонаҳо ба сокинон дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
33 хонаводае, ки шаш соли пеш замини хонаҳояшонро барои бунёди “шаҳраки хитоӣ” дар ихтиёри ҳукумат гузоштанд, соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Қарор буд, ба ҷойи замини манзили онҳо дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд сохтмони шаҳраки чинӣ ё “china town” дар соли 2018 ба анҷом мерасид, аммо бо сабаби ба мувофиқа нарасидани ҳукумати Хуҷанд ва ширкати “Ҳусноро 1”, ин тарҳ то ба имрӯз рӯи қоғаз монд.
Хонаводаҳое, ки сокинон соли 2015 ба умеди ин лоиҳа манзинҳояшонро тахриб намуданд, ҳудуди шаш сол ба ин тараф дар шароити душвори ҳуҷраҳои иҷоравӣ зиндагӣ ба сар мебурданд.
Бино бо сабаби бунёд нашудани шаҳраки муосир дар хиёбони Раҳмон Набиев, масъулони ҳукумати Хуҷанд қаблан дар бораи додани ҳуҷраҳои нав аз бинои навбунёд дар маҳаллаи 18 уми шаҳр хабар дода буданд.
Сокинон барои дарёфти хона ба назди бинои ҳукумати Хуҷанд омадаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
"China town" дар Хуҷанд бунёд нашуд: сокинон аз ҳукумат талаби хона карданд
Ин гурӯҳи сокинон баъди он, ки дар арафаи иди Наврӯз супоридани калиди хонаҳо ба онҳо дода нашуд, ахиран рӯзи 14 апрел, назди ҳукумати Хуҷанд ҷамъ шуда ва аз масъулини шаҳрдорӣ тақозо намуданд, ки ваъдаашонро иҷро кунанд ва калиди хонаҳоро ба онҳо супоранд.
Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд, гуфт, баъди муроҷиати гурӯҳии сокинон, дирӯз дар толори ҳукумати шаҳр ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба тақсимоти хонаҳои истиқоматӣ ба 33 нафар соҳибмулкони манзили истиқоматӣ воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиев баргузор гардида, бо иштироки сокинон маъракаи қуръакашӣ сурат гирифт.
“33 нафар соҳибмулкони манзили истиқоматӣ аз рўйи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тариқи ошкоро ва шаффоф дар маъракаи қуръакашӣ иштирок намуда, соҳиби манзилҳои истиқоматӣ аз бинои навбунёди 9 ошёнагии хуштарҳу замонавӣ аз микроноҳияи 18-ум гардиданд”, гуфта шудааст дар иттилоияи Юсуфзод.
Рафоат Ҳошимова, яке аз ин гурӯҳи сокинон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон супорилдани калид ба онҳоро тасдиқ кард.
Ӯ гуфт, ки ҳоло баъди гирифтани калиди хонаҳои истиқоматӣ онҳо аз ҳуҷраҳои иҷоравӣ куч бастаанд. “Калиди хонаҳоямонро супориданд. Ҳоло масруфи рос кардани хонаҳои нав ҳастем ва аз ин ҳама хурсанд”, таъкид кард Ҳошимова.
Ширкати чинии "Ҳусноро 1" бо тарҳи номуваффақи "China town" мехост ба ҷойи манзилҳои сокинон хонаҳои баландошёна бардорад, аммо ахиран бинобар сабаби зиёд будани об дар ин маҳал аз ин лоиҳа даст.
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Сохтмони мактабе дар Тоҷикистон 12 сол аст, ки тамом намешавад: шарҳи вазорат
Бар асоси ин тарҳ бояд дар ҷойи хонаҳои вайронкардашуда 15 бинои бисёртабақа, мактаб ва иншооти дигари иҷтимоӣ месохтанд. Муҳлати анҷоми он 5 сол буд ва он тибқи шартнома мебоист соли 2020 анҷом шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар нишасти ахираш изҳор дошт, ки чиниҳо аз уҳдаи иҷрои тарҳ набаромаданд ва лоиҳаро ба ягон ширкати таҷрибадори дигар пешниҳод хоҳанд кард.
Дасткашии соҳибкорони чинӣ аз тарҳ дар ҳолест, ки дар фосилаи 200 метр дуртар аз он "Khujand city" - ро ширкати сохтмонии "Элитсохтмон" бунёд мекунад.
Лентаи хабарҳо
0