Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Даъвати Путин аз мардуми Русия барои ваксинзанӣ: ӯ гуфт, киҳо бештар аз беморӣ мемиранд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкОткрытие нового пункта вакцинации от COVID-19 в Москве
Открытие нового пункта вакцинации от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Обуна шудан
Владимир Путин аз мардуми Русия даъват кард, ки ваксинзаниро ба таъхир нагузоранд
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Владимир Путин зимни ирсоли паём ба Маҷлиси Федералӣ ба масъулин супориш дод, ки барои ваксинзании мардум дар ҳар минтақа ва макони буду бош нуқтаҳои ваксинзанӣ кушоянд.
Владимир Путин аз мардуми Русия даъват кард, ки ваксинзаниро ба таъхир нагузоранд, то ба тирамоҳ иммунитети оммавӣ пайдо шавад ва Русия куллан бар коронавирус пирӯз шавад.
"Лутфан эм гиред. Роҳи дигаре нест. Роҳи дигар бадтар аст - фақат бемор шудан", ​​- илова кард Путин.
Президент таъкид кард, ки ин беморӣ чун хатар барои аҳолӣ боқӣ мемонад.

"Тамоми марзҳо бояд таҳти назорат гирифта шаванд, то паҳншавии коронавирус аз берун пешгирӣ карда шавад" - гуфт раҳбари Русия.

Владимир Путин ҳамчунин диққати пизишконро ба ду навъи беморон ҷалб кард, ки бештар аз ин вабои аср азият мекашанд.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сипосгузории Владимир Путин аз пизишкони Русия
Кадом моҳ таваллуд шудаӣ ва чӣ беморӣ хоҳӣ дошт? Мясников вобастагиро гуфт
Ӯ гуфт, гирифторони бемории рагҳои хунгард ва дил, бояд пеш аз дигар қишрҳои ҷомеа ваксин гиранд, чун ин гурӯҳи одамон дар гурӯҳи риск қарор доранд ва аксари мавриди марг маҳз дар ин беморон сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0