Рынок Панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Охирин хабару гузоришҳо аз нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро метавонед аз ин пайванд пайдо кард

Ин “саботаж” нест: чаро нархи равған хест? – таҳқиқ ва омор

© Sputnik / Амир ИсаевПродукты российского производства на витрине магазина в Душанбе
Продукты российского производства на витрине магазина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон интиқоду нигарониҳо аз болоравии нархи равғани растанӣ боло мегирад, аммо як таҳқиқи густарда аз ин бозор гумонҳо дар бораи мақомоти “бепарво” ва тоҷирони “беинсофу фурсатталаб”-ро ботил ва воқеиятҳои пинҳони дигарро ошкор мекунад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. 12 марти соли равон як литр равғани растанӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба 16,0 то 20,0 сомонӣ фурӯхта мешуд ва 12 апрел ин нарх ба 18 то 23 сомонӣ боло рафт. Аммо шурӯъ аз 13 апрел боз дар нархҳо афзоиш омад. Дар ин бозор чӣ мегузарад?
Бино ба таҳлилҳо, сабаби асосии болоравии қимати равғани растании воридотӣ буъди хориҷӣ дорад ва аз афзоиши нархи он дар кишвари содироткунанда пурра вобаста аст. Ба гунаи мисол, дар худи Русия ва Қазоқистон – ду содироткунандаи асосӣ ба Тоҷикистон - як бушкаи 5 – литраи равған ҳоло ба марзи 75 сомонӣ расидааст.
Дар Ӯзбекистону Қирғизистон як литр равған дар ҳудуди 1,7 – 2 доллар арзиш дорад. Ҳол он ки Ӯзбекистон соли 2020 беш аз 3 миллион тон пахта истеҳсол карда, барои истеҳсоли равғани ватанӣ дасти дароз дорад.

Чӣ тағйир хӯрд?

Тибқи омори гумрукӣ, моҳҳои январ – марти соли 2021 ба Тоҷикистон 20, 6 ҳазор тон равғани растанӣ ба маблағи 21 миллиону 763,2 ҳазор доллар ворид шуда, нархи миёнаи он 1 054 доллари ИМА – ро ташкил додааст.
Ҳаҷми воридот низ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2,7 ҳазор тон (20,6 - 23,3) ё 11,59 фоиз коҳиш ёфта, як тон равған ҳам 197 доллар гаронтар ба Тоҷикистон расидааст.
Тоҷикистон дар ин давра равғанро аз Қазоқистон (50,2%), Русия (44, 09%) ва Озорбойҷон (5,0%) ворид кардааст.
Дар ин бозор 67 ширкат кор мекунанд, ки асоситаринашон “ТаджЭро” (14,97%), “Сифат сохтмон” (11,92%), “Саноат ва Сохтмон” (7,6%), “Некроҳ-2014” (6,8%), “Комёр Б” (7,06%), Корхонаи воҳиди давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фуруши ниёзи аввалия” (4,51%) ва дигарон (47,12%) ба шумор меоянд.
Афзоиши нархи равған дар бозорҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Нархи равған дар бозорҳои Суғд, дар арафаи Рамазон қариб ду баробар боло рафт
Ширкатҳо ҳам то ин ки равғанро ба Тоҷикистон расонанд, хароҷоти худро доранд, ки бино ба онҳо, арзиши як тон равған бо нархҳои гуногун тамом мешавад. Ба гунаи мисол, тибқи омори гумрукӣ, рӯзи 13 апрели соли равон як ширкат як тон равғани навъи “Олейна” – ро аз Русия ба 1 ҳазору 495,37 ва ширкати дигар равғани “Злато” – ро аз Қазоқистон ба 1 409,81 доллар (курси расмии 1 доллар - 11,33, қурби “бозори сиёҳ” – 11, 60 сомонӣ) вориди Тоҷикистон кардаанд.
Дар натиҷа 1 литр равған бо ҳисоби тамоми хароҷоти гумрукиву андоз ва ғайра барои ширкати аввал бо қурби расмии доллар ба 22,83 сомонӣ (қурби “бозори сиёҳ” - 23,36 сомонӣ) ва барои ширкати дуввумӣ мутаносибан 21,59 - 22,08 сомонӣ ба дасти фурӯшандаҳо расидааст (минбаъд низ ҳисобҳо аз рӯи ин ду қурб бароварда мешаванд).

Нарх чӣ гуна ба вуҷуд меояд?

Ширкати аввал (ки масъулин нахостанд номашро зикр кунем) асноди харҷи худро бо Sputnik Тоҷикистон ба миён гузошт, ки аз рӯи онҳо мо метавонем, арзиши як литр равғанро муайян кунем.
Бино ба ин аснод, ширкати мазкур як тон равғанро дар Русия бо арзиши $1 ҳазору 495,37 (аз рӯи қурби расмӣ - 16 942,54) харидорӣ карда, барои расмиёти гумрукӣ 2,62 сомонӣ, боҷи гумрукӣ – 672,20 сомонӣ, хароҷоти роҳи оҳан (15 доллар сари тон) 169, 95 сомонӣ харҷ намудааст. Ҳамин тавр, як тон равған ба қимати 17 ҳазору 787,31 сомонӣ ба анбори ширкат ворид шудааст.
Дар анбор бо изофаи болонархӣ ва хароҷоти муомилотӣ, ҷамъ 12% ё 2 ҳазору 134,48 сомонӣ, арзиши умумии як тон ба 19 ҳазору 921,79 ва бо андози арзиши изофа (18%) ё 3 ҳазору 585,92 сомонӣ ба 23 ҳазору 507,71 сомонӣ баробар шудааст.
Пресс-конференция Антимонопольной службы Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Шарҳи Мӯъминзод дар бораи ҷаҳиши нархи шакару равған ва шикояти сокинон
Бо назардошти ин ки равған ва дигар навъи моеъ маъмулан дар Тоҷикистон бо литр фурӯхта мешаванд (як кило = 0,925 литр), як тон равған 1 081,08 – ро ташкил хоҳад дод.
Ҳамин тавр, як кило равған 23,51 ва як литри он 21,74 сомонӣ хоҳад шуд, ки бо иловаи 5% харҷи роҳи дӯконҳо як кило равған ба 24,68 ва як литри он ба 22,83 сомонӣ ба дасти фурӯшандаи аслӣ хоҳад расид.

Ку чигит?

Дар ин миён истеҳсоли равғани растанӣ дар дохили Тоҷикистон низ дастхуши таҳаввулоти ғайримунтазира шуд. Тибқи омори расмие, ки дар дастраси Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ тайи семоҳаи аввали соли равон 6 ҳазору 656,1 тон равғани растанӣ истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 374,8 тонна (6 656,1- 6 281,3) ё 6,0 фоиз зиёд аст.
Гуфтем, ки болоравии нархи равғани растании воридотӣ ба гароншавии қимати он дар кишварҳои содиркунанда бастагӣ дорад, ки дар пайи он хароҷоти гумрукӣ, роҳкиро, андоз ва ғайра низ афзойиш ёфтаанд. Аммо ба истеҳсолкунандагони ватанӣ чӣ иттифоқ афтод?
Эмомали Рахмон ознакомился с деятельностью подсобного хозяйства Общества с ограниченной ответственностью Санаторий Бахористон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2019
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Корхонаи истеҳсоли равған ифтитоҳ кард
Аввал, нархи як кило чигити техникӣ дар қиёс бо моҳи апрели соли 2020 аз 1,0 то 1,7 сомонӣ боло рафт. Он замон агар як кило чигит 3 то 4 сомонӣ буд, ҳоло ба 4,7 то 5 сомонӣ аст, ки мутаносибан 33,3 то 42,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ин ба арзиши аслии рағани пахта таъсири мустақим дорад. Чӣ гуна?

Ба гунаи мисол, барои он ки як кило равғани пахта ба даст оварда шавад, ба 8,33 кило чигит ниёз аст. Агар нархи як кило чигит ҳоло 5 сомонӣ бошад, 41,5 сомонӣ зарур аст, ки як кило равған ҳосил шавад. Аз ин маблағ 14,53 сомонӣ барои равған ва 26,97 сомонӣ барои кунҷора харҷ мешавад.
Ба ҳамин минвол, бар арзиши як кило равғани растанӣ (пахта) болонархӣ ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ, аз ҷумла қувваи барқ, нақлиёт, музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ, сертификаткунонию борпечонӣ зам мешаванд, ки дар умум 5,09 сомонӣ ё 35,0 фоизи арзиши авваларо ташкил медиҳанд ва як кило равған бидуни андози арзиши изофа ба 19,62 сомонӣ (14,53+5,09) мерасад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2021
Раҳмон 2021-ро соли вазнину душвор хонда, ба истеҳсоли бештари маҳсулот даъват кад
Агар як кило равған ба литр тадбил шавад, арзиши як литр равғани пахта 18,15 сомонӣ ва бо назардошти андози арзиши изофа ба 21,41 сомонӣ ба дасти фурӯшандаи аслӣ хоҳад расид.

Доллар – омили ҳамешагӣ

21 апрели соли 2021 нархи як литр равғани растанӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 18 то 24, вилоятҳои Суғд аз 21 то 24, Хатлон аз 21 то 23 ва Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 22 то 23 сомониро ташкил дод. Нархи он дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар қиёс бо моҳи гузашта аз 2 то 4 сомонӣ ё мутаносибан ба 12,5 ва 20 фоиз гаронтар шуд. Чаро?
Тавре дар боло дидем, воридот коҳиш ёфт, дар кишварҳои содиркунанда қимати равған боло рафт, ки ин ба таври худкор, арзиши дигар хароҷотро низ боло бурд.
Дар ин миён қурби асъори хориҷӣ (доллар) низ дар баробари пули миллӣ (сомонӣ) ба мушоҳида мерасад. Агар 16 апрели соли 2020 як доллари ИМА баробар ба 10,2489 сомонӣ буд, аз 1 январ то 16 апрели соли 2021 расман ба 11,32 сомонӣ баробар шуд ва афзоиши он 0,177 то 10,50 фоизро ташкил дод.
Мигрант на рынке в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Дар Тоҷикистон нархи картошка якбора гарон шуд
Ягона омиле, ки метавонад афзойиши қимати равғани растаниро боз дорад, афзоиши истеҳсоли дохилӣ аст. Аммо ба ин омил наметавон умед баст, зеро агар равғани растанӣ дар се моҳи гузашта 20, 6 ҳазор тон аз хориҷ ворид шуда бошад, дар дохил ҳамагӣ 6 ҳазору 656,1 тон ё ҳудуди 24% аз ҳаҷми умумӣ истеҳсол шудааст. Ин ҳаҷм таъсири чандоне дар ҳоли ҳозир надорад.
Аз ин хотир, интиқод ё хашму ранҷиши муштариён дар Тоҷикистон аз мақомоти “бепарво” ва фурӯшандагони “беинсофу фурсатталаб”, ҳатто “саботажчӣ” агарчанде табиӣ ва қобили пешбинист, аммо чандон мантиқӣ нест. Воқеият он чизест, ки дар боло ривоят шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала