"Алексей дар ҳолати вазнин аст": тафсилоти бештар аз таркишу сӯхтори Испечак

© Sputnik / Амир ИсаевПоследствия взрыва АЗС в Душанбе
Последствия взрыва АЗС в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар таркиш ва дар пайи он сӯхтори бузурги маҳаллаи Испечак ҳудуди 25 нафар захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Пизишкон ва наздикони захмишудагон вазъи ҷароҳатбардоштагон дар паи сӯхтор дар Душанберо шарҳ доданд.
Бино ба гузориши манобеъи Sputnik Тоҷикистон, рӯзи гузашта, 1 май, аз маҳалли таркиш ва сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкати “ТСН” дар маҳаллаи Испечак 11 нафарро ба Маркази тандурустии “Шифобахш” ё шифохонаи маавсум ба “Қарияи Боло” ва 13 нафари дигарро Шифохонаи шаҳрии №3, ё маъруф ба Шифохонаи “Сӯхтагиҳо (Ожоговая)” интиқол додаанд.
“Аз 11 нафар дар “Қарияи Боло” 4 нафарро зуд пас аз ташхис ҷавоб доданд. 7 нафари дигар монданд, ки 2 нафар дар вазнинхона – яке бо осеби косаву мағзи сар ва дигарӣ, шикасти рон – қарор доранд. Онҳоро намешавад вазнин ё сабук гуфт. Ҳар лаҳза метавонад вазъашон ба хубӣ ё вахомат гарояд”, - гуфтанд дар Маркази тандурустии “Шифобахш”.
Бино ба қавли духтурон, аз 13 нафаре, ки ба шифохонаи “Сӯхтагиҳо” оварданд, 10 нафар пас аз гирифтани кӯмаки аввалияи амбулаторӣ рухсат шуданд.
Оне, ки дар ҳолати вазнин қарор дорад, Алексей Рязантсев, мутаваллиди соли 2000, мудири ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ будааст, ки 75% - и баданаш сӯхтааст.
“Дар миёни ҳама, вазъи мавсуф нигаронкунанда аст. Духтурон шабурӯз навбатдорӣ мекунанд”, - гуфт яке аз наздикони ӯ.
Қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар пайи риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарии сӯхтор 1 майи соли равон, тахминан соати 18-30 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.
Пожар в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
КҲФ: ҷароҳати 26 мард ва 3 зан - ҳоли яке вазнин: тафсилоти нави сӯхтор дар Душанбе
Бино ба додаҳои ВКД, бар асари ҳодиса дар масоҳати 90 метри мураббаъ нуқтаи фурӯши сӯзишвориро бо миқдори зиёда аз 60 тонна захираи маводҳои сузишворӣ оташ фаро гирифта, 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтанд.
Айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар ниҳодҳои дахлдор таҳқиқи ҷои ҳодиса давом дорад.
Дар шарҳи КҲФ аз сӯхтори рӯзи 1 май дар бораи ҷароҳат бардоштани 29 тан хабар дода мешавад.
Таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Сӯхтори 60 тон сӯзишворӣ ва ҷароҳати 11 нафар: шарҳи расмии таркиш дар Душанбе – видео
Дар ҳамин ҳол, ин ки нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба кӣ тааллуқ дорад, то ба ҳол иттилои дақиқ нест. Қаблан он ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошт, ки роҳбараш ба зиндон рафт ва ширкат суқут кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала