Ҳаққи Тоҷикистон барои додани ҳудуд ба низомиёни ИМА: шарҳи Сайфулло Сафаров

© Sputnik / СтрингерБатальон НАТО, архивное фото
Батальон НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Коршинос гуфт, оё Тоҷикистон ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар қаламрави худ, иҷоза медиҳад ё не
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Тоҷикистон метавонад як пайванди мобайнӣ дар интиқоли нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шавад.
Дар ин бора Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳори назар кардааст.
Ба гуфти ӯ, давлат метавонад қаламрави худро дар доираи ӯҳдадориҳо дар назди Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) диҳад. Аммо, бидуни розигии шариконаш, Тоҷикистон ҳақ надорад, ин корро кунад, таъкид кардааст Сафаров.
Военнослужащих американской национальной гвардии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Сиёсатмадори рус: ҷойгиркунии пойгоҳи ИМА дар Тоҷикистон амри маҳол аст
Коршинос гуфтааст, ки ИМА барои баромадан аз Афғонистон танҳо ду роҳ - тавассути Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дорад. Дар акси ҳол, интиқоли низомиён ба Иёлот мушкил хоҳад буд.

"Ҷониби Тоҷикистон аллакай дар ин масъала таҷриба дорад, ба мисли мустақар кардани низомиёни Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе аз соли 2001 (то соли 2010) ва омадани ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии ИМА барои боркунии сӯзишворӣ", - гуфт Сафаров.

Коршинос афзудааст, ки интиқол додани нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ба Тоҷикистон метавонад ба муносибати Тоҷикистону Амрико таъсири мусбат расонад.
Қаблан Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ, ҳамгироии УрОсиё ва робита бо ҳамватанон изҳор дошт, ки таъсиси пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Амрикоиҳо "бомбаи афғонӣ" - ро ба Русия мепартоянд?
Ӯ қайд кард, ки тибқи шартҳои созишномаҳое, ки ин давлатҳо бо Русия доранд, аз ҷумла дар доираи СПАД ва Иттиҳоди УруОсиё, ҷойгиркунии нерӯҳои низомии дигар давлатҳо пешбинӣ нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар охири моҳи апрел хабар дод. Тибқи қарори раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден, артиши ИМА бояд то 11 сентябр кишварро тарк кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала