Раиси шаҳри Исфара аз бемористон рухсат шуду ба кор баргашт

© пресс-служба мэрии ИсфарыБаховаддин Баходурзода, председатель город Исфара
Баховаддин Баходурзода, председатель город Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара яке аз ҷабрдидагони муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон, баъд аз даҳ рӯзи табобат ба кор баргашт
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси Исфара, шаҳри наздисарҳадӣ бо Қирғизистон аз бемористон мураххас шуда, сари кор баргашт, хабар дод Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати маҳаллӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
“Субҳи имрӯз дар ҳукумат ҷаласа доир намуда, ба масъулони шуъбаҳо дастуру супоришҳо доданд. Қарор аст, худашон имрӯз барои аёдати беморон ба бемористон раванд”, - афзуд Шомадов.
Баҳодурзода яке даҳҳо захмии муноқишаи марзии охир бо Қирғизистон мебошад, ки ба гуфтаи худаш замони барои музокирот рафтанаш ба марз, тир хӯрд.
Хуршед Изатулло Мухаммадзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Оғози санҷиш алайҳи фармондеҳи "ОМОН" - и Тоҷикистон: парванда дар КДАМ Қирғизистон
Ӯ шоми 29 апрел дар пайи шиддат гирифтани муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо қирғизҳо аз китфаш маҷруҳ шуд. Рӯзи 1 май табибон дар Бемористони клиникавии № 1-и Хуҷанд ба гирифтани тир аз бадани ӯ муваффақ шуданд. Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми 28 апрел аз сангзанӣ сар шуда, ба тирпарронӣ табдил ёфт.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки низоъ аз сӯи қирғизҳо шурӯъ шуд, вале мақомоти Қирғизистон айни чунин иддаоро пеш оварда, гуфтаанд, ки тоҷикон муноқишаро сар кардаанд.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба шаҳодат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Боздиди Аҳмадзода аз деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Боздиди Аҳмадзода аз сохтмони манзилҳои харобшуда дар марз ва тақсими либос ба сокинон
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала