Аз хонаҳои зери обу лой монда то кӯчонидани аҳолӣ: КҲФ зарари сел дар Хатлону Ҳисорро гуфт

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиСелевой поток в Таджикистане
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Дар натиҷаи боронҳои рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар пайи боронҳои шадиди рӯзи гузашта ва сатҳи оби канали деҳаи Навобод-2-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ боло рафта 77 километр роҳи мошингарди Уялӣ-Ҷомӣ-Ёвонро шустааст, ки ҳаракати мошинҳо муваққатан қатъ шуд.
"Аз ҷониби хадамоти роҳи вазорати нақлиёти кишвар техникаи махсус ҷудо карда шуд ва паёмадҳои ин офат ба зудӣ бартараф ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. Ҳоло барои равуои нақлиёт монеъа нест", - афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон дар ин рӯз сел қисман таҳхонаҳои ду хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Коммунизм, се қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Вахшро аз обу лойоба пур кардааст.
Селевой поток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
"Сел омад - фирор кунед": 10 тавсияи КҲФ барои наҷоти ҷони худ аз сел
Сели 13 май ба сокинони як қатор ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Муъминобод низ зарар расондааст. Дар қаламрави ҷамоати деҳоти Чилдухтарон сел ду пулро қисман хароб кард; дар ҷамоати деҳоти Балхобӣ, дар деҳаҳои Шулулу, Тебалай ва Бобои Ҳабиб лойоба ба се хонаи истиқоматӣ зарар расонд, мавҷи пурхурӯши сел ба таҳхонаи 10 хонаи истиқоматӣ ва 32 қитъаи наздиҳавлигӣ ворид гардид, офат қисман ба се пул зарар расонд. Дар ҷамоати деҳоти Ш.Шоҳин сел 9 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об кардааст.
"Дар ҷамоати деҳоти Гулистон ва ба номи А.Авазови ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон сел ба 100 иншооти ёрирасони сокинон зарар расонд. Аз ҷумла 32 иншоот қисман ва 20 иншооти дигар пурра хароб гардид. Ҳамчунин ду хонаи истиқоматӣ низ қисман зарар диданд",- афзудааст манбаъ.
Дар деҳаҳои Ваҳдат ва Нурмати ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор лойоба 28 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро пур кард ва оби сел 20 метр роҳи мошингардро шустааст.
Ҳамчунин боронҳои пуршиддат ба заминҳои наздиҳавлигии 69 ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор, аз ҷумла Шарора, Ҳисор, Дурбат зарар расондааст.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 276 сокини ин маҳаллаҳоро ба маконҳои амн интиқол дода, корҳои тозакориро оғоз кардаанд.
Сотрудники органов внутренних дел в Хатлонской области приступили к устранению последствий стихийных бедствий в регионе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Бо дастури Президент Генерал Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб рафт
Борони пуршиддат кӯчаву бозорҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони шаҳри Турсунзодаро низ аз об пур кардааст, ки ба иттилои КҲФ ҳоло паёмадҳои ин офати табиӣ бартараф карда шудааст.
Гуфта мешавад, дар маҳалҳои ёдшуда Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала