Далер Назаров аксҳои даврони кӯдакии Парвизро нашр карду гуфт, бо ӯ мефахрад

© Facebook / Daler Nazarov studioДалер Назаров, архивное фото
Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Далер Назаров, ҳунарманди номдори тоҷик ҷиянаш Парвиз Назаровро боиси ифтихораш хонд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ҳунарманди машҳур Далер Назаров ҷиянаш Парвиз Назаровро бо 50 - умин солгарди зодрӯзаш табрик гуфта, аксҳои даврони ҷавонии худ ва кӯдакии ӯро дар саҳифааш дар Instagram нашр кардааст.
Маэстро, Парвиз Назаровро дӯсти ҷонӣ хонда, ӯро боиси ифтихор гуфтааст.

"Сипос ба шумо, ки одами хуб ва дӯсти ҷонӣ ҳастед. Ман ҳамчун амак аз муваффақиятҳои шумо барои нӯронӣ кардани дунёи мо хеле фахр мекунам. Аз номи Душанбе, хешовандон, навозандагон, мухлисони шумо, мо мехоҳем, ки шумо ҳамеша ҷавон ва ҳадафманд бимонед", - таманно кардааст Далер Назаров.

Ҳунарманд, ҳамчунин ба аҳли хонаводаи Парвиз шодӣ таманно кардааст.
Парвиз Назаров соли 1971 дар Маскав ба дунё омада, касбаш рассомист ва ҳатто ду сол ба ҳайси мултипликатор дар студияи "Тоҷикфилм" кор кардааст.
Далер Назаров дар бораи мошинҳои гаронбаҳо ва мансабдорӣ: рӯзе худро бадбахт дармеёбӣ
Вале Парвиз баъди ин рассомиро ба хотири мусиқӣ партофт ва соли 1987 гуруҳи "Адвокат" ва соли 1989 гуруҳи "Парвин"-ро таъсис дод.
Аброр Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Аз намоҳанги Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров саҳнаи куштор хат зада шуд: чаро?
Сӣ сол дар саҳна: Парвиз Назаров барои консертҳои идона ба Тоҷикистон омад.
Парвиз Назаров соли 1993 ба Алма-Ато кӯчид ва инак қариб 28 сол боз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад.
Парвиз Назаров муаллифи беш аз 10 албом ва таронаҳои хите, чун "Еду на юг", "Чарх бизан", "Лети", "Ангел", "Райҳон" (ҳамроҳ бо хоҳараш Ситора Назарова), "Беги" ва даҳҳо таронаи дигари пуршунаванда мебошад.
Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад
Ин сароянда аз ангуштшумор овозхонҳои тоҷик аст, ки таронаҳояш дар шабакаҳои телевизионии Русия низ намоиш дода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0