Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Роспотребнадзор гуфт, коронавирус ба иқтисоди Русия чӣ қадар зиён овард

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийский рубль. Архивное фото
Российский рубль. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо тақрибан 183 миллиард рубл ва барои санҷишҳо 108 миллиард рубл масраф шудааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Соли гузашта коронавирус ба иқтисоди Русия ҳудуди триллион рубл зиён овард, менависад РИА Новости .
"Ҳатто бидуни назардошти талафоти маҳсулоти нохолиси миллии истеҳсолнашуда зарар ба 997,06 миллиард рубл баробар шуд", - менависад РИА Новсти бо истинод ба маълумоти Роспотребнадзор.
Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо тақрибан 183 миллиард рубл ва барои санҷишҳо 108 миллиард рубл масраф шудааст.
Илова бар ин, аз ҳисоби буҷа барои дастгирии аҳолӣ дар замони пандемия на камтар аз 515 миллиард рубл ихтисос дода шуд.
Манбаъ меафзояд, баъзе маблағҳое, ​​ки аз буҷаи кишвар барои ташкил ва расонидани ёрии тиббӣ ба беморони COVID-19 ҷудо карда шуд, ҳадди аққал 189,452 миллиард рублро ташкил медиҳанд.
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Маргбортарин ҳафта аз ҳисоби коронавирус дар Русия
Ёдовар мешавем, ки аз оғози пандемия дар Русия 5,6 миллион нафар мубталои коронавирус гардиданд, ки аз ин миён табибон ҷони 138 ҳазор нафарро наҷот дода натавонистанд.
То ҳол 151 миллион санҷишҳо гузаронида шудааст ва ҳоло маъракаи сартосарии ваксинзанӣ ҷараён дорад.
Ба ин маърака муҳоҷирони меҳнатӣ низ ҷалб карда шуданд ва танҳо дар Маскав ду нуқтаи ваксингузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шуданд, ки яке дар бозори "Садовод" ва дигаре дар Маркази ягонаи муҳоҷират фаъол ҳастанд.
Как проходит вакцинация трудовых мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Ваксингирии муҳоҷирон дар Русия чӣ гуна сурат мегирад - навор
Арзиши ваксин 1300 рубл аст ва муҳоҷирон бо "Спутник Лайт" ваксин мезананд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала