Наҷоти ду ҷавоне, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Варзоб расониданд

© Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаНаҷоти ду ҷавон, ки худро куштан мехостанд
Наҷоти ду ҷавон, ки худро куштан мехостанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Онҳо бо қасди худкушӣ ба соҳили дарё рафтанд, аммо хушбахтона ба мақсадашон нарасиданд
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ду ҷавоне, ки қасди худкушӣ доштанд, наҷот дода шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 8-уми июл рух додааст.
Гуфта мешавад, ду ҷавон, ки яке 26 ва дуюмӣ 20 сол доштанд, ба қасди худкушӣ ба дарёи Варзоб, минтақаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ”) омаданд.
Яке аз ин ҷовонон сокини деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини шаҳри Душанбе буданд.
Фируз Еров с женой Юлией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
"Падари қарздор зану фарзандонашро кушту сирко нӯшид”: ҷасади Ёровҳо баъди 1 моҳ пайдо шуд
Аз қасди худкушии онҳо ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе навбатдори ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майори милитсия М.Достизода хабар дод.
Баъди дарёфти хабар соати 10:25 ҳайати гурўҳи 2-юми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.
" Лозим омад бо ҷавонон як суҳбати фосилавии равонӣ роҳандозӣ кунанд ва бо ин васила онҳоро аз қасди ба ҷонашон боздоранд", - менависад манбаъ.
Ҷавононро баъди аз соҳил берун овардан, барои идомаи суҳбат ҷиҳати муайян кардани сабаби қасди худкушӣ ба мақомоти милитсия супурда шуданд.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Ҷазои домод барои ба худкушӣ расондани наварӯсаш дар рӯзи ошиқон
Охирҳои моҳи май аз ҳодисаи куштор ва худкушӣ дар як хонаводаи тоҷик дар Русия хабар дода шуд.
Гуфта мешавад, ар шаҳри Шёлковои назди Маскав сарвари оила ҳамсар ва ду духтарашро кушта, сипас худкушӣ кардааст.
Фарзияе мавҷуд аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон барои қарздор будан, худ ва хонаводаашро кушт. Ҳамчунин мард побанди қиморбозӣ будааст.
Лентаи хабарҳо
0