Кобулов гуфт, чаро Толибон* наметавонанд пирӯз шаванд

© Sputnik / Александр НатрускинСпециальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Специальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Толибон бидуни ҷанг Афғонистонро мегиранд, аммо дар бораи сарнагунии ҳукумати кишвар ҳарф задан ҳоло вақт аст
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Ишғоли қаламравҳои назаррас аз ҷониби Толибон* дар Афғонистон маънои суқути ҳукумати ҷумҳуриро надорад. Дар ин бора намояндаи вижаи Президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов дар суҳбат бо РИА Новости изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, шиддат гирифтани вазъ дар кишвар натиҷаи ҳузури низомиёни ИМА ва НАТО буд, ки ваъдаи худро иҷро накарданд ва сарбозони афғонро барои муқовимат бо Толибон* омода накарданд.
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Замони эҳтимолии поёни ҷанги "Толибон" дар Афғонистон маълум шуд
"Мо набояд фаромӯш кунем, ки аксари ноҳияҳо бидуни ҷанг ба дасти Толибон* гузаштанд. Ва ин чӣ маъно дорад? Нерӯҳои ҳукуматӣ гарнизонҳо ва мавқеъҳои худро тарк карда, гурехтанд", - гуфт Кабулов.
Вай таъкид кард, ки беш аз сеяки 400 шаҳристони Афғонистон таҳти назорати аъзои ҷунбиши радикалии Толибон* мебошанд.
Бо вуҷуди забти қаламравҳои ҷумҳурӣ, ҷангиён муяссар нашуданд, ки ба ягон маркази вилояти Афғонистон ворид шаванд.
"Бале, Толибон* метавонанд аз нуқтаи назари ҳарбӣ-техникӣ қодир бошанд шаҳрҳо рахна кунанд, аммо онҳо қудрати нигоҳ доштани онҳоро надоранд"- гуфт Кобулов.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Раҳмон: Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон, тадбирҳои таъхирнопазир меандешад
Толибон* саъй намекунанд, ки 100% қаламрави Афғонистонро бо зӯр назорат кунанд, зеро онҳо мефаҳманд, ки ин ғайриимкон аст, гуфт коршинос.
Қаблан, намояндаи дафтари сиёсии Толибон* Абдуллоҳиб Мансур гуфта буд, ки онҳо қудратро дар аксари ҷумҳурӣ ба ғайр аз Кобул ва баъзе ноҳияҳои назди шаҳр ба даст овардаанд.
* - ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала