Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ҳамлаи печидаи Кобул: ҳадаф Бисмиллоҳ буд, Муҳсинӣ ё Аҳмад Масъуд?

© Ҷамъияти исломӣМанзили вазири дифоъи Афғонистон пас аз таркиши интиҳорӣ
Манзили вазири дифоъи Афғонистон пас аз таркиши интиҳорӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
"Толибон"* ҳамла ба манзили Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифоъи Афғонистонро ба дӯш гирифтанд, аммо бештари талафоти ҷониву молиро ба ҳамсояҳояш ворид карданд
ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik, Фахриддини Холбек. Маҷмӯаи иттилооте, ки огаҳони аҳвол дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузоштанд, ҳамлаи соати 8 – и бегоҳи рӯзи 3 август ба вақти Кобулро он қадар печида нишон медиҳад, ки бештар аз посух суол халқ мекунад, суолҳое, ки ин рӯи ин ҳодиса пардаи занну ибҳом мекашанд.
Муҳоҷимон дар мошини тамғаи “Мазда”-и ҷопонӣ як миқдори бузурги маводи ифиҷориро ҷой дода, онро дар минтақаи Ширпури Кобул, назди дарвозаи манзили Муҳаммад Азим Муҳсинӣ, вакили парлумони Афғонистон, таркондаанд.
Шиддати ҳамла ба дараҷае будааст, ки дарвозаҳои ӯ ва ҳамсояи рӯ ба рӯяш Марям Куфӣ, собиқ вакили парлумон аз Бадахшонро ба бех канда, манозили ҳардуро пурра тахриб кардаанд. Хонаҳои ҳамсояҳои девор ба девори Муҳсинӣ аз ғарбу шарқ - Бисмиллоҳ Муҳаммадиву Залмай Муҷаддадӣ, вакили дигари парлумон аз Бадахшон низ вайрону валангор шудаанд.
Последствия атаки на дом Министра обороны Афганистана Бисмиллах Мухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Навор аз хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ баъд аз ҳамлаи террористӣ - видео
Садои инфиҷор то дурии 10 километр ҳам шунида шуда, аз шиддаташ шишаҳои хонаҳои зиёд дар соҳаи Ширпур, ҳатто Шаҳри Нави Кобул низ шикаста, фурӯ рехтаанд. Маҳалли инфиҷорро хоку дуду борут ба ҳадде печида буданд, ки кас то чандметрии худро дида наметавонист. Тамоми мошинҳое, ки дар наздикии инфиҷор буданд, комилан сӯхта, тахриб шуданд. Масалан, Марям Кӯфӣ даъво дорад, ки 5 адад мошини назди хонааш ба пуррагӣ сӯхта, дигар ба дард намехӯранд.
Дар пайи ин ҳамла 8 нафар, ба шумули ду муҳофизи Бисмиллоҳхон, чаҳор меҳмони Муҳсинӣ, як муҳофизи Муҷаддадӣ ва як раҳгузар кушта, 20 тани дигар, ба шумули писар, муҳофиз, як хешдухтари Кӯфӣ ва ҳам теъдоде аз муҳофизони афроди мазкур захмӣ шудаанд.

“Алами Исо аз Мӯсо”?

Ҳаракати “Толибон” масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта, гуфт, ки он “оғози амалиёти интиқомҷӯӣ” аз нерӯҳои ҳукуматӣ буда, замони ҳамла ба хонаи Бисмиллоҳхон як “ҷаласаи муҳим” дар ҷараён буд.
Воқеан, тарафҳои баъд аз пешин то наздикиҳои шом дар хонаи Бисмиллоҳхон як ҷаласаи қавмии раҳбарони вилояти Панҷшер, ба иштироки худи ӯву Аҳмад Масъуд ва Юнус Қонунӣ баргузор шуд. Аммо онҳо 15 дақиқа қабл аз инфиҷор маҳалли ҳодисаро тарк карданд. Бисмиллоҳхон низ барои фотиҳа ва дуохонӣ ба манзили Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ, фармондеҳе аз Тахор, ки 10 июли соли равон дар ҷангҳои Толиқон, маркази ин вилоят кушта шуд, роҳ пеш гирифта буд.
Аммо ҷолиб ин аст, ки чаҳор толиби муҳоҷим пас аз инфиҷор на ба манзили Бисмиллоҳхон, балки Азим Муҳсинӣ, ҳамсояи ӯ ҳамла оварданд. Яке рӯи боми манзили сеошёнаи муқобиле, ки ба Ҳоҷӣ Абдураззоқ ном шахсе тааллуқ доштааст, боло шуда, се нафари дигар вориди ҳавлии Муҳсинӣ шудаанд.
Ҳамон лаҳза яке аз онҳоро муҳофизони Муҳсинӣ нобуд мекунанд. Аммо дуи дигар нахуст як газеро сар медиҳанд, ки муҳофизонро пакар мекунад ва онҳо маҷбур ба фирор мешаванд. Муҳоҷимон дар ошёнаи аввали хона чор меҳмони Муҳсиниро, ки ҳама аҳли Андароби вилояти Бағлон, ҳамшаҳриҳои ӯ ва барои додхоҳӣ ба назди ӯ омада буданд, ба шаҳодат мерасонанд.
Боздиди генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон аз шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Бисмиллоҳхон дар Мазори Шариф: ваъдаи амалиёти бузург барои поксозии Шимол – шарҳи расмӣ
Муҳофизони Муҳсинӣ ҳудуди 70 нафар, ба шумули худи ӯ, бародараш генерал Мустафо Мӯҳсинӣ, собиқ фармондеҳи пулиси Бағлон, Нурраҳмон Ахлоқӣ, вазири умури муҳоҷирини Афғонистонро то ошёнаи чорум бароварда, аз он ҷо ба манзили Залмай Муҷаддадӣ интиқол медиҳанд.
Муҳоҷими дуюм худро дар ошёнаи дувуми манзили Муҳсинӣ инфиҷор медиҳад ва сеюмӣ ба таъқиби меҳмонони ӯ меравад. Дар ин ҳамла муҳоҷими чорум, ки дар манзили рӯ ба рӯ қарор дошт, ба ӯ кӯмак мерасонд ва бар ваҳшати ҳамла меафзуд. Кас гумон мекард, ки як ҳамлаи густардаи террористон дар ҷараён ва теъдоди онҳо низ бештар аст.
Дар ошёнаи чорум ба муҳофизони Муҳсинӣ муҳофизони Муҷаддадӣ ҳамроҳ шуда, ба муқовимат мепардозанд, ки дар пайи партоби норинҷак Амонуллоҳ ном муҳофизи ахирӣ кушта мешавад.
Даргирӣ ҳудуди 5 соат идома ёфт. Ду муҳоҷими боқимонда дар ниҳоят бо талошҳои нерӯҳои қитъаи хоси вазорати корҳои дохилии Афғонистон ва муҳофизони Бисмиллоҳхон аз по дароварда мешаванд.
Ҳамин тавр, худи “Толибон”, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президент ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ҳатто сухангӯи Пентагону тамоми расонаҳои ҷаҳонӣ ин ҳодисаро ҳамла ба вазири дифоъи Афғонистон арзёбӣ карданд.
Аммо суол ин аст, ки чаро муҳоҷимин на ба манзили Бисмиллоҳхон, балки хонаи Муҳсинӣ ҳамла оварданд?

Кӣ?

Муҳсинӣ пас аз ҳодиса эълон кард, ки ҳадафи ҳамла ӯ буд. Вай тамоми далелро барои ин даъво дошт: террористон маҳз ба хонаи ӯ даромада, меҳмононашро ба шаҳодат расонданд, дар ошёнаи дуввуми хонааш як интиҳорӣ худро инфиҷор дод ва нафари чорум аз берун низ маҳз ба сӯи хонаи ӯ тирандозӣ мекард. Бисмиллоҳхон ҳам ҷое гуфт, ки ду муҳофизаш аз инфиҷор ба ҳалокат расидаанд ва ба аҳли хонаводааш зиёне нарасидааст.
Аммо огаҳони вазъ бар инанд, ки муҳоҷимин хонаи Муҳсиниро ба иштибоҳ мавриди ҳамла қарор додаанд. Вақте онҳо мебинанд, ки мошинҳои низомиву гаронқимат ва шишасиёҳ дар назди хонаи ӯ ҷамъ омадаанд, фикр мекунанд, ки “ҷаласаи муҳим” – и панҷшериҳо маҳз дар ин манзил ҷараён дорад.
Маршал Абдурашид Дӯстум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маршал Дӯстум аз Ӯзбекистон вориди Афғонистон шуд
Аммо ин иштибоҳ амдӣ буд ё огоҳона суолангез аст, зеро дар манзили Муҳсинӣ низ як ҷаласае ҷараён дошт. Ба гуфти бархе, фармондеҳони Андароби Бағлон як ҷаласа доштанд, аммо баъзеи дигар мегӯянд, зуҳри ҳамон рӯз Муҳсинӣ ва бародаронаш барои модарашон маросими фотеҳаву дуохонӣ гирифтанд, ки аз соати 1.30 то 3.30 – и баъд аз зӯҳр дар илҳоқияи Шӯрои миллӣ (парлумони Афғонистон) воқеъ дар кӯчаи Доруламони Кобул баргузор шуда, пас аз хатми он ҳамқавмони Муҳсинӣ ба манзили ӯ дар Ширпур меҳмон шуда буданд.
Бо ин вуҷуд, ҷаласаи хонаи Бисмиллоҳхон муҳимтар буд, зеро он ҷо ба истиснои худи ӯ, Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари ҷавони муқовимати зиддитолибон қарор дошт. Аммо ҳамоно иштибоҳи ҳамлаварон буд ё бахти аҳли ин маҷлис хандид, ки то 15 дақиқаи қабл аз ҳамла “ҷаласаи муҳим” анҷом ёфта, иштирокдоронаш, ҳатто худи Бисмиллоҳхон, он ҷоро тарк карда буданд.

“Green zone”

Ширпур, як соҳае дар маркази Кобул аст, ки ҳар ҷо сӯзан партоб шавад, сари афроди баландпоя ва манозили пурдабдабаи онҳо меафтад. Он як гуна “Рублёвка” – и Кобул аст ва “соҳаи сабз” ё ҷои амнтарин ва ба шиддат муҳофизатшуда ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа сари қадам як посгоҳи пулис мустақар шудааст ва ҳар навъ фарду мошин тафтиш мешавад, бахусус онҳое, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд.
Суол ин аст, ки чӣ гуна афроди мусаллаҳ тавонистанд вориди ин “соҳаи сабз” шаванд? Хуб, агар худи онҳо ба ҳар навҳае ворид шуданд, як мошини “Мазда” – и пур аз маводи инфиҷориро чӣ тур ва аз куҷо тавонистанд то дарвозаи вазири дифоъ расонанд?
Ба қавли огаҳони ҳол, дар наздикии манзили Бисмиллоҳхон дар Ширпур афроди дигари баландпояи артиши Афғонистон, назири Ҳайбатуллоҳ Ализай, фармондеҳи нерӯҳои амалиётҳои хос ва Валӣ Муҳаммад Аҳмадзай, фармондеҳи Ситоди вазорати дифоъи Афғонистон низ хона доранд.
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ваъда ба маънои вафо нест: оё Толибон* аз қаламрави Афғонистон мегузаранд
Ҳоло ин гумон ба вуҷуд омадааст, ки дар созмондиҳии ин ҳамла дойираҳое дар ниҳодҳои истихборотии Афғонистон низ даст доранд, зеро интиқоли, бахусус, як мошин маводи инфиҷорӣ ва гузарондани он аз посгоҳҳои “соҳаи сабз” ғайри қобили бовар аст ва агар мумкин буд, бидуни ҳамкории сокинони баландпояи Ширпур имкон надошт.
Ин ҳама шакку тардид рӯи ҳодисаи ҳамлаи террористӣ ба хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифоъи Афғонистонро пардаи торики ибҳом мекашад. Аз сӯи дигар, ин ҳамла гиреҳи ҷангҳои истихборотӣ дар Афғонистонро печидатар аз он месозад, ки тасаввураш меравад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала