Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Тактикӣ": ақибнишиниҳои Ҷабҳаи муқовимат аз хатти аввал дар Панҷшер

© AFP 2021 / Ahmad Sahel ArmanАфганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд аз хатҳои аввали ҷабҳаи Панҷшер ақибнишинӣ кардаанд. Толибон* иддао доранд, ки се вулусволиро гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 4 сент – Sputnik. Дар ҳоле, ки хатти телефону интернет дар Панҷшер қатъ аст, иттилои мувассақ ва боварибахш дар ин бора вуҷуд надорад.
Аммо дасти кам ду манбаъи наздик ба Ҷабҳаи муқовимат дар хориҷ аз Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи фишори Толибон* нерӯҳои хатти аввал аз ағбаи Ховок, Дурбанд ва Шутул ақибнишинӣ карда, дар дохилтари дараи Панҷшер мавқеъ гирифтанд.
Яке аз онҳо гуфт, нахуст дар вулусволии Париён ҷонибдорони волии номниҳод дар вилояти Панҷшер шахсе ба номи Мавлавӣ Абдулалӣ дар маркази Париён – Қалъа парчами Толибон* – ро баланд карданд.

"Мардуми Париён аз қадим бо мақомоти маркази вилоят уқда доштанд. Онҳо худро маҳрум ҳисоб мекарданд, зеро ягон барномаи ободӣ дар ин вулусволӣ тайи 20 соли ахир гирифта нашуд. Вақте дар маркази вулусволӣ байрақи толиб баланд шуд, командое, ки дар хати боло буд, фикр кард, Толибон* аз қафо ҳамла оварданд ва хатро раҳо доданд. Онҳоро дида, нерӯҳои худи Париён низ аз хат қафо нишастанд", - гуфт ин манбаъ.

Вай афзуд, омили суқути Париён дохилӣ аст ва ҳоло нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ақибнишинӣ карданд.
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Толибон* эълон карданд, ки 4 ноҳияи Панҷшерро зери назорат гирифтанд
Ҳамсуҳбати дуввуми мо гуфт, фишорҳои Толибон* он қадар болои хатҳои Ховоку Дарбанд ва Шутул афзуд, ки имкони муқовимат аз даст рафт.
"Касе ба сарҳисоби нерӯҳои Толибон* намеравад. Аз ду ҳазор зиёд кушта шуданд, аммо он қадар зиёд ба маҳал рехтанд, ки ҳисоб надоранд. Аммо сарбозони Ҷабҳа як ақибнишинии тактикӣ карда, дар дохили дара мавқеъ гирифтанд ва муқовимат мекунанд", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ҳаракати Толибон* иддао дорад, ки ба ҷуз Париён, вулусволиҳои Хинҷу Онобаи вилояти Панҷшерро ишғол кардаанд.
Ин хабар дар ҳоли ҳозир аз манобеъи Ҷабҳаи миллӣ таъйид нашудааст. Дар посух ба ин суол, ки дар ҳоли суқути Панҷшер оё Ҷабҳаи муқовимат чӣ иқдом хоҳад кард, ин манобеъ мегӯянд, нақшаи "Б" ба роҳ андохтани ҷангҳои чирикӣ аст, агар Толибон* ҳамон сиёсати яккатозӣ ва тамомиятхоҳии худро идома диҳанд.
Певец Фархад Дарья, посол доброй воли Организации Объединенных Наций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Пуштибонии Фарҳоди Дарё аз ҷабҳаи муқовимат ва ҳушдор ба “Толибон”*
Ҳамзамон дар бораи сарнавишти раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат, бахусус, Аҳмади Масъуд, Амруллоҳ Солеҳ, Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, Фаҳими Даштӣ ва дигарон иттилои дақиқе дар даст нест.
Он чӣ дар Панҷшер овоза шудааст, ин аст, ки ба қавли манобеи мо, онҳо Тоҷикистон фирор кардаанд. Аммо дақиқан касе намедонад, ки асли воқеият чист.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала