“Ба кори худ идома диҳед”: номаи муовин ба сафоратҳои Афғонистон

© Sputnik / Shafi KarimiПразднование дня независимости в Кабуле
Празднование дня независимости в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Мирвайс Ноб, муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ, аз сафоратҳо ва намояндагиҳои кишвараш дар ҷаҳон хостааст, ки фаъолияти худро идома диҳанд
ДУШАНБЕ, 9 сент – Sputnik. Худи муовини вазир дар яке аз кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдааст ва аз номи вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон як мактуби расмӣ ирсол кардааст.
Дар ин мактуб аз 7 сентябри соли равон, ки нусхаи электрониаш ба забонҳои форсиву инглисӣ аз сӯи корманди ин ниҳод дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт ва аз сӯи Мирвайс Ноб, муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар умури сиёсӣ имзо шудааст, ба сафоратҳо ва намояндагиҳои Афғонистон дар саросари ҷаҳон ҳидоят дода мешавад, ки дар канори ҷалби ҳимояти кишварҳои марбутаи хеш, ба талошҳои расонаии хеш низ бо тамоми вазоҳат ва ҷиддият идома дода, то дар баробари иқдоми хилои манофеъи миллӣ ва таҳдид ба амнияти ҷаҳонӣ, ҷалби ҳимояти кишварҳои марбутаро низ ба даст оваранд.
Фармондеҳи тоҷики Толибон Махдум Қорӣ Фасеҳуддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қорӣ Фасеҳуддини бадахшӣ “зинда шуд” – у вазифа гирифт
“Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки байрақи пурифтихори серанги он дар дохили кишвар дар байни мардум ва берун аз Афғонистон дар намояндагиҳои сиёсии кишвар ба эҳтироз мебошад, танҳо марҷаъи машруъ барои дифоъ аз манофеъи улёи кишвар, тамомияти арзӣ, ҳокимияти миллӣ, истиқлол, арзишҳои волои инсонӣ ва исломӣ мебошад. Баръакс, сохтори эълоншудаи гуруҳи Толибон* мамлув аз аносире, ки на танҳо хилофи амнияти миллии Афғонистон, балки таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти минтақа ва ҷаҳон низ мебошад”, - омадааст дар мактуб.
Ин изҳорот дар ҳоле пахш мешавад, ки Толибон* рӯзи 7 сентябр руйхати вазирони раисони ниҳодҳои ҳукуматии худро эълон карданд, ки бино ба он, фақат як муовини вазир ва ду вазир аз ақвоми ғайрипаштун мебошанд, бақия – паштун.
Дар изҳороти фавқуззикр бо пуштибонӣ аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон гуфта мешавад, ин низом баргирифта аз ирода ва раъйи мардуми мазлуми Афғонистон ва орзуҳои миллионҳо шаҳрванди кишвар аст, ки бо хуни ҳазорон шаҳиди роҳи озодӣ ва истиқлоли кишвар ба даст омадааст.
Нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ: 65% -и Панҷшер дар дасти мост
“Эълони сохтори қудрати ғайримиллӣ, ғайриисломӣ ва ғайримантиқии гуруҳи Толибон*-ро, ки хилофи иродаи аксарияти мардуми Афғонистон, манофеъи миллӣ, фарҳанг ва танаввӯъи мардумии кишвар бидуни дарназардошти асли машварат, ҳокимият ва иродаи мардум ва арзишҳои ҷаҳонӣ мебошад ба шадидтарин алфоз тақбеҳ менамоем, зеро эълони ин сохтор боиси ҳазфи танаввуъи сиёсӣ ва мардуми гардида ва мунҷар ба бурузи танишҳои ҷиддӣ ва тазъифи як чашмандози рӯшан барои таъмини сулҳи сартосарӣ ва пойдор дар кишвар мебошад”, - омадааст дар изҳорот.
Дар ҳамин ҳол, ин изҳороте, ки бо имзои муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба таб расидааст, талоше барои машруъият доштани низоми суқутёфта ба дасти Толибон* дар Афғонистон аст.
Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии ин ҳукумат, ҳанӯз дар оғози фирори ҳукумати Ашраф Ғанӣ бо иттифоқи чанд вазири дигар ба Олмон рафта, то ба ҳол садое аз худ баланд накардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала