Раисҷумҳури Амрико аз тугмаи пахши ҳастаӣ маҳрум шуд, то ҷангро шуруъ накунад

© REUTERS / ELIZABETH FRANTZПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Моҳи январи соли ҷорӣ президенти мунтахаби ИМА силоҳи ҳастаии Амрикоро назорат накард.
ҶУМЪА, 17 сен — Sputnik, Виктория Никифорова. Ин хабари ҳангомаангезро Боб Вудворд, муҳаққиқи барҷаста, оне ки ним аср пеш ҷанҷоли “Уотергейт”-ро барои раисҷумҳур Никсон халқ карда буд, матраҳ кард, менависад “РИА Новости”.
Патриархаи 78-солаи журналистика дар китоби тозанашри худ аз суханони раиси Кумитаи муштараки руасои ситодҳои Амрико Марк Милли иқтибос овардааст. Вай ба ӯ гуфтааст, ки пас аз рӯйдодҳои 6 январ метарсид, Трамп пеш аз рафтан бетартибиеро пиёда мекунад, ки тасмим дар бораи зарбаи ҳастаиро тағйир медиҳад.
Табиист, мавзуъ ба ҳадде он қадар инфиҷорӣ аст, ки Милли вазъиятро пардапӯшона, ба мисли Эзоп тасвир мекунад. Аммо он чиро, ки ӯ кард, фаҳмидан душвор нест. Тибқи қонун, президенти Иёлоти Муттаҳида пас аз машварат бо сарварони ҳарбӣ, пеш аз ҳама бо раиси Кумитаи муштараки ситодҳо дар робата ба партоби мӯшаки ҳастаӣ амр медиҳад. Низомиён ба унвони мушовир раъй медиҳанд.
Эмблема ШОС на блокноте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Русияву Чин Осиёро иваз карданд ва Амрико онро аз даст дод
Аммо Милли ба афсарон ҳушдор дод, ки аз ҳама фармонҳои Трамп дар ин робита аввал бояд ба ӯ иттилоъ дода шаванд ва ӯ тасмим хоҳад гирифт, ки минбаъд чӣ кор мекунад.
Ин кофӣ набуд. Генерал Миллӣ ба Трамп чизе нагуфта, ба ҳамтои чинии худ, Сардори ситоди муштараки Комиссияи марказии ҳарбӣ Ли Зочэн занг зада гуфт, ки агар чизе рӯй диҳад, хавотир нашавад. Аслан, "генерал Ли, агар мо тасмим ба ҳамла бигирем, ман ба Шумо занг мезанам. Яъне ин барои Шумо ногаҳонӣ нахоҳад буд".
Феълан демократҳо ва ҷумҳурихоҳон рӯйи ин баҳс доранд, ки дар ҷараён гузоштани Чин аз чунин як ҳамла хиёнат маҳсуб мешавад ё на.
Спойлер мегӯяд, ки як чунин амал хиёнат аст. Бо вуҷуди ин системаи ҳукумати ИМА ба ҳадде печидааст, ки демократҳо фарёд мезананд: "Шумо намефаҳмед, ин дигар аст!". Бештаре аз мардум онҳоро бовар мекунанд.
Бо омадани Байден вазъ беҳтар шуд? На, ҳич тағйире нашуда. Ҳоло фармондеҳи олии ИМА ба Конгресс даъват шудааст, то ӯро дар бораи Афғонистон суол диҳанд. Аммо Байден коре пайдо кард, ки бо он масруф шавад. Ба ҷойи ӯ котиби давлатии Амрико Энтони Блинкин, нафаре ки аз вазъ огаҳӣ надорад, ҳузур ёфт.
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
ИМА дигар наметавонад ҷанг кунад: бо кадом роҳ Амрико ҳукмронӣ хоҳад кард?
“Барои ин ҳама кӣ посухгӯст? Кӣ тасмим мегирад?”,-пурсид сенатор Риш. Ӯ Билнкенро хотиррасон кард, ки чанде пеш навори мустақим аз дидори раисҷумҳур бо мақомоти масъули оташсӯзӣ дар Калифорнияро қатъ карданд. “Ӯ чун лӯтак аст. Ӯ сухане гуфта наметавонад, то ба хотири он сухан касе дар Қасри Сафед пайдо шавад, ки суҳбати ӯро қатъ накунад”,-гуфт сенатор.
Хуб, воқеан, хандаовар аст, агар сардори Ситоди кулли вай ба як дӯсташ аз Ситоди кулли кишвари душман занг занад ва гӯяд: "Хуб, ту хавотир нашав, бародар. Ман пеш аз шиллик туро занг мезанам".
Иёлоти Муттаҳида қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар ҷиҳати захираҳои силоҳҳои муқаррарӣ, ҳастаӣ, биологӣ ва кимиёист. Аммо як пирамард ба артише фармон медиҳад, ки пурқувваттарин дар ҷаҳон ҳисобида мешавад. Гузашта аз ин мошини низомии ИМА ҳоло дар марҳилаи тағйироти ҷолиб қарор дорад. Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки фирор аз Афғонистон ва якбора даст кашидан аз кумаки низомии ИМА ба Арабистони Саудӣ тасодуфӣ нест.
Ин анҷоми ҷанги бемаънӣ ва манфури ҳама – “ҷанг бо терроризми байналмилалӣ" аст, ки ба як навъи муборизаи писарбачаҳои нанаӣ табдил ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти “Rand Corporation”, ҳанӯз соли 2014 Пентагон ба муҳокимаи нақшаи пурасроре бо номи “Ҷуброни сеюм” шурӯъ кард. Вай ишора кард, ки рақиби асосии низомии Иёлоти Муттаҳида тақрибан қудратҳои баробар хоҳанд буд - Чин ва Русия. Ғалаба бар онҳо таъмини гегемонияи Амрико дар ҷаҳони нави бисёрқутбӣ хоҳад буд.
Масоили хурду резае ба мисли Афғонистону Ироқ бояд фаромӯш мешуданд ва саъю кӯшиш барои мутамаркиз шудан болои абарқудратҳо сарф мешуд. Барои ин артиш бояд супертехнологӣ мешуд: роботҳо, зеҳни сунъӣ, технологияи кайҳонӣ, нерӯҳои сайберӣ.
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Изҳороти Толибон* дар бораи ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар ИМА
Чаро “Ҷуброни сеюм” унвон шуд? Ин маънои онро дошт, ки артиши ИМА пас аз шикасти ҷанги Корея бори аввал тағйироти технологиро аз сар мегузаронад. Дастоварди дуюми технологӣ пас аз мағлубият дар Ветнам ба амал омад. Барқароркунии сеюм пас аз шикасти ногузир дар ҷанг бо терроризм ба нақша гирифта шуда буд.
Ин идея фавран дастгирӣ наёфт. Бо вуҷуди ин дар соли 2018, замони ҳукумати Трамп стратегияи мудофиаи миллӣ қабул шуд. Дар он маҳз Чин ва Русия ҳамчун мухолифони асосии Иёлоти Муттаҳида гуфта мешуданд ва уқёнусҳои Ҳинду Ором макони асосии ҷангҳои оянда буданд.
"Ҷуброни сеюм", албатта, таъқиби толиб дар биёбон нест. Ин стратегия, пул ва силоҳи дигар аст. Дар замони Трамп буҷаи Пентагон беш аз 700 миллиард доллар афзоиш ёфт.
Байден дар соли 2022 ба нақша гирифтааст, ки ба низомиён 753 миллиард доллар диҳад. Гузашта аз ин беш аз сад миллиард ба парчамбардори технологияҳои нави низомӣ - маъмурияти таҳқиқоти пешрафтаи Вазорати дифои ИМА хоҳад рафт. Зиёда аз 10,4 миллиардро нерӯҳои сайберӣ хоҳанд гирифт.
Ҷолиб он аст, ки зеҳни сунъӣ дар ин ҷо нақшаи бузург дорад. Соҳиби “Google” Эрик Шмидт, соҳиби “Palantir” Питер Тил ва дигар олигархҳои рақамӣ муддати тӯлонӣ корҳои худро ба Пентагон мефурӯшанд.
Чӣ тавр онҳо кор мекунанд, масъалаи дигар аст. Ҳамон зеҳни сунъӣ на як бору ду бор хато кардааст.. Масалан, дар соли 2003, дар оғози ҷанги Ироқ мӯшакҳои амрикоии “Patriot”, ки бидуни дахолати инсон партоб шуда буданд, аввал иштибоҳан ҷангандаҳои бритониёӣ ва сипас амрикоиро сарнагун карданд. Пилотҳо кушта шуданд.
Ба наздикӣ системаи ихтордиҳӣ дар пойгоҳи амрикоии Рамштайн дар Олмон ҳушдори бардурӯғ дод. Он замон машқҳои нерӯи дарёии Русия дар баҳри Балтика ҷараён доштанд. Компютер партоби мӯшаки омӯзиширо ба мӯшакҳои воқеӣ иштибоҳ гирифт.
Тони Блинкен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Блинкен: ИМА нақши Покистон дар ҳаводиси Афғонистонро арзёбӣ хоҳад кард
Бо вуҷуди ин шарикони амрикоӣ ният доранд, ки аз зеҳни сунъӣ дар соҳаи силоҳи ҳастаӣ истифода кунанд.
Нашрияҳои дифоии Амрико аллакай даҳҳо матлаб нашр кардаанд, ки чӣ гуна компютер ҳангоми муайян кардани таҳдид ва қабули қарор хато мекунад. Масалан, он метавонад як зуҳуроти ғайриоддии фазоиро ҳадаф қарор диҳад. Компютер онро чун душман душман мешиносад ва мӯшакҳои худро ба сӯйи он партоб менамояд. Душман ба ин гуна амал вокуниши воқеӣ нишон медиҳад.
Бо вуҷуди ин ин идея ҳарчи бештар маъмултар мешавад. Ба назар мерасад, ки шарикони амрикоӣ ба зеҳни сунъӣ танҳо чун пардаи дудӣ ниёз доранд. Кӣ фармони шиллики мӯшакро дод? Комютер! Он танҳо хато карда буд. Хуб, ба ёд меояд, ки чӣ гуна компютерҳо дар филмҳои амрикоии "A Space Odyssey" то "Interstellar" “девона” мешаванд. Ва масъулият бар дӯши касе нест.
Бубинед, ки чӣ навъе аз нухбагон дар Амрико ҳукумат мекунанд. Раисҷумҳур дар тасмимгириҳояш заъф дорад.
Дар масоили низомӣ? Хуб, генерал Марк Милли ба идеяи ҷорӣ кардани гуногунрангӣ ва чандфарҳангӣ дар артиши Амрико хеле майл дорад. Вай трансгендерҳо ва одамони дорои тамоюли ҷинсии номаълумро сарпарастӣ мекунад.
Тамошои як таблиғоти видеоӣ дар бораи артиши Амрико кофист, то Миллиро шиносед. Бале, вай танҳо ба чиноиҳо занг мезанад ва дар бораи партоби мӯшак онҳоро иттилоъ медиҳад.
Элитаи Амрико ба таври намоишӣ заиф аст. Дорои воҳидҳои аҷиби ҳарбист. "Масъули ин ҳама кист?!" Ғайриихтиёр зеҳни сунъиро амр медиҳанд ва он гоҳ ҳама гуна қарори олигархҳои “дили давлат”-ро иштибоҳи компютер унвон мекунанд.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Байден хатои ИМА-ро дар Афғонистон гуфт
Шарикони амрикоӣ дар солҳои 90 -ум, вақте ҷумҳуриҳои собиқ аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо мешуданд, то чӣ андоза изтироб доштанд. Дар бораи паҳншавӣ, дуздӣ ва қочоқи силоҳи ҳастаӣ чӣ қадар пешгӯиҳо вуҷуд доштанд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо амалӣ нашуд. Тамаддуни шӯравӣ аз озмоиши ниҳоии худ бо муваффақият гузашт: он силоҳи ҳастаии худро ҳифз ва амнияти комилро барои ҳама таъмин кард.
Нигариши амрикоиҳоро ба мӯшак наметавон чизи дигаре ба ҷуз аз муроқибат ба шайтон номид. Дар заминаи ин хабар кас беихтиёр Билл Клинтонро ба ёд меояд, ки рамзҳои партоби мушакҳоро гум карда буд. Сипас онҳо муддати тӯлонӣ онҳоро ҷустуҷӯ карданд.
Агар элитаи амрикоӣ чунин зеҳнро ба намоиш мегузорад, кафолати зеҳни сунъии онҳо ту куҷо метавонад беҳтар бошад? Шояд вақти он расидааст, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даҳшате, ки бо тугмаи ҳастаӣ дар Иёлоти Муттаҳида рух медиҳад, таваҷҷуҳ кунад ва зарродхонаҳои онҳоро таҳти назорати байналмилалӣ бигирад. Ба ҳар ҳол, Русия метавонад кумак кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала