Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

“Толибон”* Амрикоро ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон муттаҳам кард

© U.S. Air Force photo/Lt Col Leslie Prat / Public DomeinБеспилотник MQ-1B Predator с ракетой Hellfire, архивное фото
Беспилотник MQ-1B Predator с ракетой Hellfire, архивное фото
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Гурӯҳи “Толибон”* баёнияеро дар хусуси нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон тавасcути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ мунташир кард
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. “Толибон”* иддао дорад, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ҳарими ҳавоии Афғонистонро мунтазам нақз мекунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сарпараси Вазорати иттилоот ва фарҳанги “Толибон”* дар "Твиттер" навишт, ки парвози ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар фазои ин кишвар ба ҳокимияти "Иморати Исломии Афғонистон" (низоми сиёсии худхондаи “Толибон”*) халал мерасонад.
"Кишварҳо бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ танҳо соҳибони арзи ҳарими ҳавоии давлатҳои худ ҳастанд. Бинобар ин иморати исломӣ ба унвони танҳо ниҳоди ҳуқуқии Афғонистон ҳофизи тамомияти арзӣ ва ҳарими ҳавоии Афғонистон аст. Ахиран Амрико бар хилофи кулли қавонини байналмилаӣ ва тааҳҳудоти ИМА бо иморати исломӣ дар Доҳа, пойтахти Қатар амал карда ва ҳарими ҳавоии муқаддаси Ағонистон тавассути паҳподҳои амрикоӣ борҳо нақз шудааст. Ин тахалуфот бояд ислоҳ ва аз онҳо ҷилавгирӣ шавад”,-омадааст дар баёнияи “Толибон”*.
Начальник штабов США генерал Марк Милли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Генерали амрикоӣ: “Ал-Қоида”* ҳанӯз дар Афғонистон аст ва қасди ҳамла ба Амрикоро дорад
"Толибон" ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо, бахусус ИМА даъват кардааст, ки уҳдадориҳои мутақобилаи худро риоя кунанд, то аз оқибатҳои манфӣ дар оянда пешгирӣ намоянд.
Ин изҳороти "Толибон" дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пеш аз ин Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи ба расмият шинохтани осмони Афғонистон ба унвони қаламрави ҳавоии “Толибон”* гуфт, дар ҳоли ҳозир чунин зарурате вуҷуд надорад.
Сухангӯи Пентагон гуфт, ки низомиён ба зарбаҳои ҳавоӣ дар Афғонистон салоҳияти комил доранд ва ба ҳамоҳангӣ бо “Толибон”* ниёз надоранд.
Ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида, бар асоси созишнома бо “Толибон” нерӯҳояшро аз Афғонистон берун овард, аммо ин гурӯҳ ва ҳукумати муваққати онро ба унвони ҳукумати қонунии Афғонистон эътироф накардааст.
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Имрон Хон: Давлати Ғанӣ назди мардум маҳбубият надошт
Пас аз ифшои рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс", Вазорати дифои Амрико эътироф кард, ки дар рӯзҳои охирини хуруҷи худ аз Афғонистон як оилаи бегуноҳ ҳадафи амалиёти бесарнишин қарор гирифт ва 10 узви ин хонавода, бо шумули ҳафт кӯдак дар ҳамла кушта шуданд.
Замари Аҳмадӣ, як корманди имдодии афғонистонӣ, ки дар ин ҳамла ҳамроҳ бо дигар аъзои хонаводааш кушта шуд, корманди як оҷонси байналмилалӣ буд.
Вай дар соҳаи муҳандисии электрикӣ таҳсил карда, 14 сол дар созмони ғайридавлатии амрикоӣ кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала