Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Толибон"* нақшаҳои бузургашонро ошкор карданд

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Ҷангҷӯён мехоҳанд, иқтидори мавқеи ҷуғрофии ҷумҳуриро пурра истифода баранд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Аъзоёни гурӯҳи радикалии "Толибон"* ният доранд, Афғонистонро ба "чорроҳаи иқтисоди ҷаҳонӣ" табдил диҳанд. Дар ин бора Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷӣ ки аз ҷониби ҷангиён таъин шудааст, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Tolo news хабар додааст.
Вай қайд кардааст, ки ҷангиён мехоҳанд Афғонистонро як давлате созанд, ки ҳам ба талаботи шаҳрвандон ва ҳам ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад.
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Толибон"* дар ҳукумати нав "чеҳраҳои номақбул" ёфтанд
Ба гуфти Муттақӣ, ҷангҷӯён ният доранд, аз имконоти мавқеи ҷуғрофии кишвар ба пуррагӣ истифода баранд. Ҳамзамон, намояндаи радикалҳо бори дигар аз давлатҳои дигар даъват кард, ки ба сиёсати Афғонистон дахолат накунанд.

"Мо ба корҳои дохилии ягон кишвари дигар дахолат намекунем ва аз онҳо низ ҳамин чизро интизор ҳастем", - таъкид кард ӯ.

Муттақӣ аз фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори таассуф кард. Вай ишора кард, ки "ҳукумати пешин дар давоми 20 сол натавонист ислоҳот анҷом диҳад ва "Толибон"* вазифадоранд, онро дар ду моҳ анҷом диҳанд".
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Эъломияи нав: Аҳмад Масъуд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ хост ва Ғаниро чӣ гуфт?
Сухангӯи ҷангиён гуфт, ки Толибон бо ҷаҳони берунӣ "як саҳифаи наверо боз карданд" ва ҳамчунин "паёми равобити хуб фиристоданд".
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала