"Барқи тоҷик" сабаби қатъи интиқоли нерӯи барқро шарҳ дод

CC0 / Pxhere / Линия электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Ширкати "Барқи тоҷик" хабарҳои қатъ кардани қувваи барқро беасос хонд
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. "Барқи тоҷик" сабабҳои қатъи ноогоҳонаи интиқоли қувваи барқро шарҳ дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Дар изҳороти "Барқи тоҷик" гуфта мешавад, ки интиқоли қувваи барқ дар бархе аз манотиқи кишвар ба хотири омодагӣ ба зимистон қатъ мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки зимистон барои таъминоти барқ давраи фавқулодда аст ва вобаста ба афзудани талабот мушкилот низ зиёд мегардад.
Лампочка в подвале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Сокинон аз бебарқӣ мегӯянд: Масъулин сабабашро шарҳ доданд
"Дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон, дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муаяйн имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ шавад", - омадааст дар хабар.
Оғози захираи об дар “Қайроққум” барои таъмини нерӯи барқ дар зимистон
Хадамоти матбуотии "Барқи тоҷик" таъкид карда, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад.

"Аз ин рӯ аз муштариёни нерӯи барқ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо хоҳиш мекунем, ки дар давраи зимистон ҳар қадар имкон доранд, аз барқ сарфакорона истифода баранд", - гуфта мешавад дар изҳороти ширкат.

Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз қатъи интиқоли қувваи барқ шикоят мекунанд. Сокинони Суғд мегӯянд, аз соати 8:00 то 11:00 ва гоҳо аз 14:00 то 17:00 қувваи барқ хомӯш мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала