Роҳи ягонаи наҷоти инсоният аз фалокати сартосарӣ ёфт шуд

© AP / Angie WangРазрушенный во время урагана "Салли" дом, США
Разрушенный во время урагана Салли дом, США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Барои пешгирӣ аз ҳолатҳои изтирории табиӣ баъзе давлатҳо бояд чораҳои қатъӣ андешанд
ДУШАНБЕ, 28 октябр — Sputnik. Дар нуҳ соли оянда бастани се ҳазор нерӯгоҳҳои ангиштӣ ба инсоният барои пешгирӣ кардани фалокати чаҳонӣ кумак мекунад. Дар ин бора иқлимшиносони маркази бритониёии "TransitionZero" хабар доданд.
Тибқи пажуҳишҳои онҳо, чунин тадбирҳо барои боз доштани болоравии ҳарорати миёна дар ҳудуди 1,5 дараҷа мусоидат мекунанд.
Олимон муайян карданд, ки инсоният аз ангишт зиёда аз ду ҳазор гигаватт қувваи барқ мегирад. Барои аз буҳрон наҷот ёфтан истеҳсолотро ду баробар кам кардан лозим аст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Тоҷикистон тавлиди энергияи "сабз"-ро ду баробар афзоиш медиҳад
Ба фикри мутахассисон, то охири даҳсола ҳар рӯз бояд як коргоҳи ба атмосфера зарароварро бастан лозим аст. Аз ҷумла Чин бояд дар ин робита кӯшиш кунад.
Ҳаҷми энергияе, ки Чин истифода мекунад, сарфи назар аз он ки вазни қиёсии ангиштро дар баланси энергетикӣ аз 72,4 ба 56,8 фоиз кам кардааст, меафзояд.
АЗС в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон: Чанд буду чанд шуд?
Дар баробари ин мақомоти Чин ният надоранд, то соли 2025 аз истифодаи ангишт даст кашанд, таъкид мекунанд олимон. Болоравии нархи сӯзишворӣ метавонад мушкилотро ҳал кунад: ин кишварро маҷбур мекунад, ки лоиҳаҳои офтобӣ ва шамолиро бештар таҳия кунад.
Ҳамчунин коршиносон коҳиши рақобатпазирӣ дар бозори ин навъи сӯзишворӣ барои тавлиди нерӯи барқро пешбинӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала