Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ваксина хатари пайдоиши бемории COVID-ро 5 маротиба коҳиш медиҳад

© PixabayВакцинация
Вакцинация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Олимон мегӯянд, ки барқароршавии пурра аз коронавирус зимни сирояти дубора аз оқибатҳои бад муҳофизат намекунад
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Олимони амрикоӣ мегӯянд, одамони ваксинашуда нисбат ба беморони гирифтори COVID панҷ маротиба камтар бистарӣ мешаванд, гузориш медиҳад Лайфхакер.
Тадқиқот аз ҷониби Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо гузаронида шудааст.
Он муайян кардааст, одамоне, ки ба масунияти пас аз бемории COVID ташаккулёфта, такя мекунанд, нисбат ба онҳое, ки эм карда шудаанд, панҷ маротиба бештар бо нишонаҳои такрории коронавирус дар беморхона бистарӣ мешаванд.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Олимон маълумоти 7,348 нафарро бо нишонаҳои COVID омӯхтанд. Аз ин шумора 1020 нафарашон варсина нагирифтаанд, вале қаблан коронавирусро аз сар гузаронидаанд, дар ҳоле ки 6328 нафари онҳо курси пурраи ваксинаро ба итмом расонида, пештар гирифтори ин вабо нашудаанд.
Вируси SARS-CoV-2, ки боиси бемории КОВИД мегардад, дар 89 нафар аз гурӯҳи якум ва 324 нафар аз гурӯҳи дуюм ошкор шудааст.
Қайд карда мешавад, вақте ки бадан бо сироят мубориза мебарад, системаи масуният шинохтани микроорганизмро меомӯзад, то дар сурати дубора сироят шуданаш мубориза барад.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон гуфтанд, одам чанд маротиба метавонад гирифтори коронавирус шавад
Ин аст, ки баъзе одамон ё дубора бемор намешаванд, ё ҳангоми дубора сироят шуданашон бемориро сабук мегузаронанд.
Бо вуҷуди ин, самаранокии масуният метавонад бо бисёр сабабҳои инфиродӣ фарқ кунад, аз ин рӯ барқароршавии пурра аз COVID наметавонад зимни сирояти дубора пурра инсонро аз оқибатҳои ногувор муҳофизат кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала