Жириновский "пӯсидатарин" минтақаи Русияро ном бурд

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузаштан ба хазинаи аксРуководитель фракции ЛДПР Владимир Жириновский
Руководитель фракции ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Жириновский ҷануби Русияро "пӯсидатарин" бахши ин кишвар номид
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский манотиқи ҷануби Русияро фасодзадатарин хонд.
Порчае аз суханронии ӯро шабакаи телеграми "Ura.ru" нашр кардааст.

"Ҷануб ҳоло ҳам пӯсидатарин қисми Русияи подшоҳӣ, шӯравӣ, давраи Елтсин ва Горбачёв аст. Ҳама чиз пӯсида аст!" - гуфт сиёсатмадор.

Ӯ таъкид кард, ки инро аз таҷрибаи худӣ медонад, зеро "дар он ҷо зиндагӣ кардааст".
Ба гуфти ӯ, "дар идораҳои Маскав ба чизе сарфаҳм намераванд" ва намояндагони минтақаҳои ҷанубӣ меҳмонон аз пойтахтро бо нону намак ва қолину икра дар ҳавопаймо пешвоз мегиранд.
Лидер ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Русия
Кам монд: Жириновский соли оғози Ҷанги Сеюми Ҷаҳонро пешгӯӣ кард
Қаблан Жириновский аз амалкарди болшевикҳо дар замони Инқилоби Октябри соли 1917 интиқод карда, ҳама инқилобҳоро нафратовар номид.
У қайд намуд, ки то воқеаҳои соли 1917 мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ дар қатори пешқадамони ҷаҳон буд, вале имрӯз танҳо ба он талош дорад.
Ногуфта намонад, ки Владимир Волфович бо ташаббусҳо ва изҳороти зидду нақизи худ маъруф аст.
Жириновский гуфт кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия истифода мекунанд
Гоҳ ӯ барои ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз Русия мубориза мебарад ва гоҳе пешниҳод мекунад, ки бо онҳо деҳаҳои партофташударо пур кунанд.
Ахиран роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия пешниҳод карда буд, ки ҳамаи русҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия кӯчонида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала