Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ

© Пресс-служба президента КыргызстанаФлаги Таджикистана и Кыргызстана
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли баҳсҳои марзӣ ҳамкории наздиктар кунанд
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи масоили марзӣ гуфтугӯ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ниҳоди дипломатии Қирғизистон.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев дар чаҳорчӯби муколамаи Иттиҳодияи Аврупо - Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ карданд. Вазирон дар бораи мавҷудияти шумораи зиёди механизмҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи суботи марзӣ ба тавофуқ расиданд
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маҳсулнокии амалҳоро дар робита ба масъалаҳои сарҳадӣ дар тамоми сатҳҳои ҳамкорӣ афзоиш диҳанд.
Дар ҷараёни мулоқот Казакбоев таъкид кардааст, ки ҷониби Қирғизистон ҳадаф дорад, ҳарчи зудтар сабти қонунии хатти марзи давлатӣ бо Тоҷикистон анҷом шавад.
Вазирон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ба ин манзур вазири умури хориҷии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки намояндагони додситонӣ ва ҳокимияти судӣ барои машварат бо марзбонон ба мурофиаҳо ҷалб карда шаванд.
Женщина в защитной маске на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Занҳои тоҷику қирғиз барои ҳалли баҳсҳои марзӣ дар Чоркӯҳ гуфтушунид мекунанд
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди зарурати таъсиси гурӯҳҳои кории фаврӣ миёни Додситонии кулл, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои ба миёномада барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Вазирон инчунин ба тавофуқ расиданд, ки кор бо аҳолии маҳаллӣ ба манзури коҳиши таниш дар манотиқи марзӣ пурзӯр шавад.
Дар баробари масъалаи марз вазирони корҳои хориҷӣ имконоти густариши равобити тиҷоратиро низ баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала