СММ аз фурӯпошии низоми бонкии Афғонистон ҳушдор дод

© Пресс-служба AGF Центральный банк Афганистана
 Центральный банк Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Обуна шудан
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар гузорише аз фурӯпошии низоми молӣ ва бонкии Афғонистон ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар гузорише гуфтааст, қатъи ногаҳонии аксари пуштибонии хориҷӣ пас аз ҳукмронии толибон иқтисоди Афғонистонро дар як ҳолати таназзули озод қарор дод ва фишори бузурге бар низоми бонкии Афғонистон овард.
Гуфта мешавад, барои ҷилавгирӣ аз беқурбшавии пасандозҳо ҳар ҳафта дар робита ба бастани суратҳисобҳои бонкӣ маҳдудият ҷорӣ мешавад.

"Системаҳои молӣ ва пардохтҳои бонкии Афғонистон дар ҳолати бесарусомонӣ қарор доранд ва мушкилоти бонкӣ бояд ҳарчи зудтар ҳал шавад, то тавонмандии ҳукуматро тақвият бахшад ва аз фурӯпошии низоми бонкӣ ҷилавгирӣ шавад", - гуфтаанд гузоришгарон.

Аммо ба гуфтаи онҳо, дарёфти роҳи ҷилавгирӣ аз ин фурӯпошӣ ба далели таҳримҳои байналмилалӣ ва дуҷониба алайҳи раҳбарони толибон мушкил ва печида аст.
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Ҳушдори дабири кулли СММ аз суқути иқтисоди Афғонистон
Абдуллоҳ Ал-Дардорӣ, раиси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Бояд роҳе пайдо кунем ва боварӣ ҳосил кунем, ки агар мо бахши бонкиро дастгирӣ кунем, ин маънои дастгирии толибонро надорад. Мо ба чунин вазъияти душвор дучор шудаем, ки бояд тамоми имконоти имконпазирро фикр кунем. Он чизеро, ки се моҳ пеш тасаввурнопазир буд, ҳоло тасаввур кардан мумкин аст".
Пешниҳодҳои БРСММ барои ҳифзи низоми бонкии ин кишвар тарҳҳои суғуртаи пасандозҳои бонкӣ, чораҳои таъмини пардохтпазирии кофӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамуҳлат, инчунин кафолатҳои қарзӣ ва имконоти баргардонидани саривақтии қарзҳоро дар бар мегиранд.
Аз замони ба қудрат расидани толибон СММ борҳо ҳушдор додааст, ки иқтисоди Афғонистон дар остонаи харобшавӣ қарор дорад ва ин метавонад буҳрони муҳоҷиратро шадидтар кунад.
Мужчина держит в руках деньги, афгани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
"Толибон"* муомилот бо асъори хориҷиро дар Афғонистон манъ кард
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, дар сурати фурӯпошии низоми бонкии Афғонистон барои бозсозии он даҳсолаҳо лозим хоҳад шуд.
Пеш аз ба қудрат расидани толибон низоми бонкии Афғонистон низ осеб дида буд ва ин вазъ пас аз ба дасти ҷангҷӯён афтидани Кобул ва қатъи кумакҳои хориҷию масдудсозии захираҳои Бонки марказии Амрико шиддат гирифт.
Қаблан Салиби Сурх ва дигар созмонҳои байналмилалӣ камбуди пули нақд дар Афғонистонро як мушкили ҷиддӣ хонда, хостори рафъи он шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0