Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

COVID-19: Дар Тоҷикистон беш аз се миллион нафар эмин шуд

© SputnikВакцинация от коронавируса в Таджикистане
Вакцинация от коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, чанд нафар аз шаҳрвандони кишвар ваксинаи алайҳи коронавирусро гирифт
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз се миллион нафар зидди бемории коронавирус вакисна гирифтааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.
Дар баробари ин, мувофиқи нақша, беш аз 44%-и аҳоли вояи дуюми зидди коронавирусро гирифтааст.

Аз шумори умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд.

Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то рӯзи зикргардида 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%) шаҳрванди кишвар гирифтааст.
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Кай дар Тоҷикистон масунияти умумӣ алайҳи COVID-19 ҳосил мешавад?
Бояд гуфт, то кунун ба Тоҷикистон 5 намуд ваксинаи зидди сирояти коронавирус ворид гардидааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Sputnik V" аз коронавирус эмин карда мешаванд.
Чӣ гуна дар ноҳияи Рӯдакӣ мардум аз коронавирус эмин мешаванд - видео
Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия то кунун дар Тоҷикистон 17 095 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 16 966 нафар шифо ёфта, аммо 124 кас фавтидааст.
Чӣ гуна шаҳри Ваҳдат аз COVID - 19 эмин мешавад - навори ваксинзанӣ
Вазорати тандурустӣ аз сокинони даъват мекунад, ки дар гирифтани вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд, зеро, ягона роҳе, ки метавонад аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус эмин нигоҳ дорад, ин гирифани ваксинаи зидди COVID-19 аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала