Барои кӣ истеъмоли банан қатъиян манъ аст?

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкБананы. Архивное фото
Бананы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Мевае, ки барои бисёриҳо ошно, муфид ва маҳбуб аст, хатар ҳам дорад. Ғизошинос дар бораи манфиатҳо ва хатарҳои банан суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ғизошинос Татяна Разумовская гуфт, ки банан ба коҳиши кислотаи шарбати меъда ва инчунин пешгирии зардаҷӯш мусоидат мекунад.
Ба эътиқоди коршинос, банан барои гастрит муфид аст, аммо дар сурати пайдо шудани бемориҳо ва захми меъдаю рӯда беҳтар аст, ки ин навъи мева аз рӯйхати ғизои ҳаррӯза хориҷ карда шавад.
Бананҳои сабз аз натрий бой ҳастанд ва метавонанд ба бемориҳои роҳи пешоб таъсири мусбат дошта бошанд.
Мандарины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Истеъмоли норангӣ: фоида ва зарар
Меваҳои аз ҳад пухтарасида, ба гуфтаи ғизошинос, метавонанд исҳоловар бошанд ва инчунин боиси варамкунии рӯда ва меъда шаванд.
Бананҳо калорияи зиёд доранд, танҳо яктои он барои тавлиди энергия яксоатии варзиши шадид ё кори вазнини ҷисмонӣ кофӣ аст.
Бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки меваҳои хушк назар ба меваҳои тару тоза панҷ маротиба зиёдтар калория доранд.
Зеленый чай, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Чор нӯшокӣ, ки кори мағзи сарро метезонад
Ёдовар мешавем, ки донишмандони чинӣ аз вуҷуди моддаи радиоактивӣ дар таркиби банан хабар дода буданд.
Ин хабар дар портали "WeChat" бо истинод ба хулосаи коршиносон мунташир шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0