Гароншавии хидмати пулакӣ, замини Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва танкҳои Русия дар Душанбе

© пресс-служба Центрального военного округаВ Таджикистан привезли 30 модернизированных танков Т-72Б3М
В Таджикистан привезли 30 модернизированных танков Т-72Б3М - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Обуна шудан
Ҳафтаи рафта барои тоҷикистониён "сюрприз"-ҳои худашро дошт. Хидмати пулакӣ гарон шуд, Қирғизистон ҳукми як тоҷикро кам кард ва Тошканд ба Душанбе замин ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Оғози декабр дар Тоҷикистон бо хабарҳои ҷолиб сар шуд. Ҳафтаи рафта маълум шуд, ки минбаъд дар ҷумҳурӣ даъвати тирамоҳӣ тамом нашуда, даъвати баҳорӣ оғоз мешавад.
Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ҳамдигар замин ҷудо карданд ва дар муносибати Қирғизистон як дараҷа гармӣ ҳис шуд.
Sputnik Тоҷикистон шарҳи ин ва дигар муҳимтарин хабарҳои ҳафтаи гузашта, 6-13 декабрро тавзеҳ медиҳад.

“Сюрприз”-и Вазорати дифоъ

Даъвати ҳарбӣ барои мақомоту ҷавонон давраи ҳассос аст. Ин давра дар ҷумҳурӣ ҳар сол ду бор, баҳору тирамоҳ фаро мерасад.
Ҳарчанд соли гузашта ба қонуни артиш тағйироти кулл ворид шуда бошад ҳам, мушкилии ҷалби даъватшавандаҳо дар кишвар пурра бартараф нашудааст.
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Русия размоишҳо дар Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад
Моҳи декабр дар Тоҷикистон бояд даъвати тирамоҳӣ тамом мешуд ва “гурезпоҳо” то баҳор “нафаси озод” мекашиданд. Аммо Вазорати дифоъ як хабари ғайриинтизор нашр кард: минбаъд баъди даъвати тирамоҳӣ дарҳол даъвати баҳорӣ сар мешавад.
Тибқи қонун, шаҳрвандоне, ки ба синни хидмати низомӣ расидаанд, то марҳилаи баҳории ҷазби ҷавонон ба артиш ба комиссариатҳои ҳарбӣ фаро хонда мешаванд.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифоъ Фаридун Маҳмадалиев, агар дар гузашта мавсими даъват фақат ду моҳ идома дошт ва тамоми чорабиниҳо дар ин марҳала анҷом мешуданд, мибаъд ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пас аз анҷоми мавсим низ идома хоҳад дошт. Ин як гуна омодагӣ ба мавсими сафарбарӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин ин ниҳод эълон кард, ки аз соли 2022 арзиши хидмати пулакӣ гарон мешавад.
Мизони пардохти пул дар ивази хидмати ҳарбӣ феълан 25 ҳазору 200 сомонӣ мебошад. Он аз аввали соли оянда ба андозаи 1 ҳазору 680 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамин тавр мизони пардохти пул бар ивази рафтан ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли 2022 ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Русия артиши Тоҷикистонро тақвият мебахшад

Аввали ҳафта ба Тоҷикистон 30 танки муосири Т-72В3М-и Русия оварда шуд.
Мошинҳои ҷангӣ ба пойгоҳи низомии 201 барои хидмат ворид мешаванд.
Вертолет МИ-8 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Русия ба Тоҷикистон дар навсозии артиш кумак хоҳад кард
Қаблан фармондеҳи Ҳавзаи низомии марказӣ генерал-полковник Александр Лапин аз интиқоли силоҳҳои нав хабар дода буд. Дар маҷмуъ Русия қасд дорад, ба Тоҷикистон 60 адад аз чунин танкҳо биёрад.
Ёдовар мешавем, пештар дар ин бора раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ изҳор дошта буд, ки Русия артиши Тоҷикистонро дар робита бо вазъи Афғонистон тақвият хоҳад бахшид.

Замини Ӯзбекистон барои Тоҷикистон

Аввали ҳафта маълум шуд, ки Ӯзбекистон барои Тоҷикистон замин ҷудо мекунад.
Дар Тошканд Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бораи додани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ба тасвиб расид.
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳамдигар замин медиҳанд: чаро?
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода шудааст, ба ҷониби Душанбе дар бораи иҷрои расмиёти дохилии кишвар дар ин хусус огоҳинома ирсол намояд.
Ҳамин тавр дар Тошканд барои сохтмони бинои нави сафорати Тоҷикистон як гектар замин ҷудо шудааст.
Он дар ноҳияи Себзори пойтахт вокеъ аст. Сохтмони ин бино, инчунин бинои истиқоматӣ барои дипломатҳо ва дигар иншооти зарурӣ аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Бегуноҳи гунаҳкор?

Дар ҳамин ҳол дар муносибати Душанбе бо ҳамсоякишвари дигар – Қирғизистон як дарҷа гармӣ ҳис карда шуд.
Аввали ҳафта додгоҳи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳукми ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро бознигарӣ намуд. Ҳамакнун онҳо ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Қирғизистон ҳукми абади ду тоҷикро ба 20 соли зиндон тағйир дод
Ин ду нафар дар пайи муноқишаҳои марзии моҳи апрел аз ҷониби мақомоти қирғиз боздошт шуда буданд.
Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов сокинони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ додгоҳ дар Қирғизистон онҳоро бар асоси моддаҳои 380 (ҷиноят бар зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар ба ҳабси абад ҳукм карда буд.
Наздикони маҳкумшудагон бар онанд, ки онҳо ноадолатона суд шудаанд ва барои озод шуданашон муборизаро идома хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0