Зодрӯзи Сафиева ва унвонгирии Раҳмон: 17 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 17 декабря
День 17 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Обуна шудан
Ҳабдаҳуми декабр дар Беларус Рӯзи кино буда, дар Қазоқистон Рӯзи энергетика ва дар Бутан Рӯзи миллӣ мебошад

Рӯзи 17-уми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1926 нахустин бор дар Иттиҳоди Шуравӣ барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд.
Соли 1962 Конститутсияи Монако қабул шуд.
Соли 1965 ғафстарин шумораи "Ню-ЙоркТаймс", дар ҳаҷми 964 саҳифа ва вазни 7 килограмм нашр шуд.
День 16 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Таъсиси шаҳри Норак: 16 декабр дар таърих
Соли 1986 дар Кембриҷ аввалин бор ҷарроҳии дар як вақт аз як кас ба каси дигар гузаронидани дил, ҷигар ва шуш гузаронида шуд.

Рӯзи 17-уми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи доимоамалкунандаи буҷавӣ баргузор гардид.
Соли 2012 дар Туркия Ёддошти тафоҳуми ҳамкории Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати "Кока-кола"-и Туркия ба имзо расид.
Соли 2012 дар Туркия Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори фахрии риштаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Мавлоно сарфароз гардонида шуд.
День 15 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Зодрӯзи Гулчеҳра Бақоева: 15 декабр дар таърих
Соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи "Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иқтисодию башардӯстонаи ҳамгироии Авруосиё" конфронси байналмилалӣ баргузор гашт.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе саҳми олимони рус дар омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик муҳокима шуд.

Ҷашнҳои 17 декабр

Рӯзи кинои Беларус;
Дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика;
Дар Бутан- Рӯзи миллӣ.

Рӯзи 17-уми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Абдуманнон Абдуллоев (1950) – доктори илми биологӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон;
Григорий Горбунов (1929) - бутофори театр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Гулрухсор Сафиева (1947) – Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ;
Моёншо Назаршоев (1929 – 1994) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
Акбар Нурматов (1942) – доктори илми тиб, профессор;
Лола Пӯлодова (1954) – оҳангсоз;
Ҳаким Юсуфов (1918 – 1990) – доктори илми геологӣ.
Лентаи хабарҳо
0