Тошканд хабари коҳиш ёфтани интиқоли барқ ба Афғонистонро шарҳ дод

© Sputnik / Андрей Сорокин / Гузаштан ба хазинаи аксЛинии электропередач в мороз, архивное фото
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Қаблан расонаҳои Афғонистон пайваста гузориш медоданд, ки бар асари задухӯрдҳои шадиди миёни нерӯҳои ҳукуматӣ бо толибон хатҳои интиқоли барқ тахриб мешаванд ва мардум аз рӯшноӣ бенасиб мемонанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ӯзбекистон хабарҳо дар мавриди қатъи интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро рад намуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Гуфта мешавад, мушкилоти дастарсӣ ба нерӯи барқ дар худи Афғонистон ба вуҷуд омадааст.
Намояндаи Вазорати энержии Ӯзбакистон ба РИА "Новости" гуфтааст, "мо таъминотро идома медиҳем. Ин мушкил дар қаламрави Афғонистон аст, мо сабабҳои ин ҳодисаро намедонем."
Қаблан ширкати энергетикии "Da Afghanistan Breshna Sherkat" (DABS) хабар дода буд, ки ба далели мушкилоти фаннӣ дар қаламрави Ӯзбекистон содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистон ду баробар коҳиш ёфтааст ва ба ин далел Кобулу 15 вилояти Афғонистон эҳтимол бо қатъи нерӯи барқ ​​рӯ ба рӯ шаванд.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
"Барқи Тоҷик" расман қарордоди фурӯши барқ бо Афғонистонро шарҳ дод
Дар навбати худ "Wall Street Journal" бо истинод ба раҳбари собиқи DABS Довуд Нурзой навишт, ки интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли зимистон масдуд мешавад, зеро толибон қарзи истифодаи барқро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пардохт накардаанд.
Ин расона менависад, нисфи нерӯи барқ ба Афғонистон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистону Эрон ворид мешавад.
Ёдовар мешавем, ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Брешно" қарордоди интиқоли нерӯи барқро тасвиб намуданд. Мувофиқи ин қарордоди иловагӣ, соли 2022 ширкати "Барқи тоҷик" ба "Брешно" аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарӯз то 400 МВТ барқ интиқол хоҳад дод.
Қарордод имзо шуд: Тоҷикистон як соли дигар ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Гуфта мешавад, миқдори барқе, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба ширкати "Брешно" интиқол меёбад, 25-30 МВТ-ро ташкил дода, аслан барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист ва ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.
Як шарти муҳими ин қарордоди иловагӣ дар муҳлатҳои таъйиншуда пардохт намудани қарз аз тарафи ширкати "Брешно" буда ва ин аллакай амалӣ гашта истодааст.
"Барқи Тоҷик" гуфт, имзои қарордоди иловагӣ фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала