"Қимати билет ба Русияро фавран коҳиш диҳед" – ҷаласаи изтирории мақомоти тоҷик

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-SOM, Boeing 737-93Y ERСамолет авиакомпании Somon Air
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбут аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хостаанд, ки нархи билет ба Русияро фавран коҳиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Мақомоти тоҷик ҷаҳиши нархи билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон - Русияро бепоя хонда, хостори ислоҳи фаврии вазъ шудаанд. Ҳудуди 10 рӯзи ахир мушоҳида мешавад, ки қимати билетҳо дар хатти парвозҳои Тоҷикистону Русия якбора як баробар боло рафтааст.
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ва ҳам Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки афзоиши нарх аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардӣ асос надорад, аз ин хотир онҳо бояд нахуст қимати билети ҳавопайморо коҳиш диҳанд ва сипас беш аз ҳад ва ғайримантиқӣ боло бурдани қиматро тавзеҳ диҳанд.
Дар ин робита идораҳои дахлдори ҳукуматӣ рӯзи 18-уми январ дар Агентии авиатсияи гражданӣ як нишасти изтирорӣ баргузор карданд. Дар ин нишаст Икром Субҳонзода, раиси агентӣ, Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии "Уралские авиалинии", "Ютэйр", “Сибир”, "Северний ветер" ва "Сомон эйр", ки аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд, ҳузур доштанд.
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия гарон шуд: сабаб
"Мо аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ қатъан хостем, ки болобарии ғайримантиқии нархи билетҳоро хотима диҳанд. Онҳо дар ҷараён гузошта шуданд, ки агар қиматҳоро коҳиш надиҳанд, Агентии авиатсияи гражданӣ иқдомоти муносиберо барои анҷоми парвозҳои муназзами онҳо дар оянда анҷом хоҳад дод”, - гуфт манбаъ.
Ин идора ҳамчунин номаи расмӣ ба мудирони кулли ширкатҳои ҳавопаймоӣ ирсол кардааст, ки дар он онҳо хостори коҳиши фаврии нархи билети ҳавопаймо шудааст.
Агентии авиатсияи гражданӣ дар ин нома бори дигар ба ширкатҳои ҳавонавардӣ ёдовар шудааст, ки билетҳои рафту баргашт миёни Тоҷикистон ва Русия набояд беш аз 500 доллар фурӯхта шаванд.

"Мисол, агар тақозо барои билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав зиёд бошад, ширкатҳо метавонанд қиматҳоро аз 300 то 350 доллар ва барои бозгашт ба Душанбе 150 доллар таъйин кунанд. Аммо рафту баргашт набояд аз 500 доллар зиёд шавад”, - гуфт манбаъ.

Ҳудуди даҳ рӯз ба ин сӯ қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз як баробар боло рафт. Бино ба нархномаҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ нашр кардаанд, ба гунаи мисол, нархи як билети парвози Душанбе то Маскав беш аз 5 ҳазор сомонӣ аст, дар ҳоле ки моҳи декабр 2,4 ҳазор сомонӣ буд.
Нархи билет аз дигар шаҳрҳо – Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба самти Маскав низ ба таври ҳамсон гарон шудааст, дар ҳоле ба дигар шаҳрҳои Русия каме арзонтар аст. Масалан, билети Душанбе - Самара ва Нижний Новгород то 3,5 ҳазор сомонӣ (23 ҳазор рубли русӣ) нарх дорад. Ба қавли кормандони билетфурӯшиҳои шаҳри Душанбе, сабаби гароншавии билет аз Тоҷикистон ба Русия ба афзоиши талаботи мусофирин бастагӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0