Дар Русия мехоҳанд, барои муҳоҷирон қоидаҳои нав ва сангин ҷорӣ кунанд

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузариш ба медиабонкОчереди мигрантов в УФМС
Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2022
Обуна шудан
Навовариҳои навбатӣ барои хориҷиён дар Русия метавонад ба фарзандон ва шаҳрвандии онҳо таъсир расонад
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Волидони муҳоҷир бояд барои ҷиноятҳои фарзандонашон ҷавобгар бошанд. Ва яке аз намуди ҷазо ихроҷ кардан аз Русия гуфта мешавад.
Дар ин бора дар суҳбат бо РИА "Новости" намояндаи Шӯрои ҳуқуқи башар дар Федератсияи Русия Кирилл Кабанов хабар дод.
"Миқдори зиёди ҷиноятҳои муташаккили этникӣ нисбати ҳамватанон содир мешавад ва феълан ин масъалаҳоро байни худашон онҳо танзим мекунанд", - таъкид кард ӯ.
Илова бар ин донишомӯзони хориҷӣ бояд забони русиро донанд, мегӯяд Кабанов. Ба гуфти ӯ, на кӯдакон ва на волидони онҳо дар сурати надоштани маълумоти муайян дар бораи ин кишвар наметавонанд мақоми шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.
"Президент низ дар ин бора сухан гуфт, мо бояд он чизеро, ки гуфта мешавад, иҷро кунем. Мо бояд дақиқ дарк кунем, ки шумораи кӯдакони муҳоҷир дар синф набояд аз 10% зиёд бошад", - қайд кард намояндаи ВКД.
Ташхиси коргарони муҳоҷири вилояти Маскав дар робита ба бемориҳои сироятӣ оғоз мешавад
Кабанов зарурати таҷдиди назар кардани барномаи кӯчонидани ҳамватанон барои гирифтани шаҳрвандӣ, инчунин бекор кардани додани шаҳрвандӣ дар асоси таваллуд дар шӯравии собиқро қайд кард.
Ин ташаббус солҳои 90-ум қабул шуда буд, дар давоми 30 сол бисёр чизҳо тағйир ёфтанд ва дар навбати аввал "фосилаи бузурги фарҳангӣ" ба вуҷуд омад, таъкид намуд коршинос.
Вай ҳамчунин бар нақши муҳими омодагии ҳамаҷонибаи муҳоҷирон пеш аз омадан ба Русия таъкид кард.
Дар Русия мехоҳанд, ниҳоди алоҳидаи муҳоҷиратӣ таъсис диҳанд
Ба қавли ӯ, хориҷиён бояд таърих, забон ва фарҳанги ин давлат донанд.
"Онҳо бояд барои омадан омода бошанд, зеро онҳо на танҳо барои кор, балки барои гирифтани шаҳрвандии Русия низ меоянд - ин далел аст", - шарҳ дод Кабанов дар суҳбат бо РИА "Новости".
Намояндаи Шӯрои ҳуқуқи башар чунин изҳоротро дар пасманзари ҳодисае, ки дар Самара иттифоқ афтод, ироа кард. Дар ин ҳодиса фарзандони муҳоҷирон, се хонандаи мактаби ҳамагонӣ як талабаи синфи дуюмро латукӯб карданд. Ҳодисаи мазкурро додситонӣ таштиф мекунад.
Лентаи хабарҳо
0