Русия наздик ба 600 хориҷиро аз минтақаҳои ноамни Украина берун овард

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация на границе Крыма с Украиной
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати хориҷаи Русия дар бораи берун овардани 588 шаҳрванди хориҷӣ аз минтақаҳои ноамни Украина хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Артиши Русия барои берун овардани 588 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ аз Украина кумак кардаааст, гуфт генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Маркази миллии идораи дифоии Русия.
“Бо андешидани чораҳои муассир, аз ҷумла дар бораи таъмини амният аз тарафи қувваҳои мусаллаҳи Русия, бунёди долонҳои башардӯстона ва ҷорӣ намудани “режими хомӯшӣ”, даст кашидан аз истифодаи ҳама гуна силоҳи оташфишон ва амалиёти низомӣ дар ин авохир 588 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ аз минтақаҳои хатарноки Украина хориҷ карда шуданд”, - гуфт ӯ.
Миёни нафароне, ки аз Украина бароварда шуданд, шаҳрвандони Фаронса, Белгия, Италия, Лаҳистон, Швейтсария, Гурҷистон, Ҳолланд, ИМА, Юнон, инчунин кормандони намояндагиҳои САҲА ва СММ низ мебошанд.
Заседание коллегии Следственного комитета РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Дастури Кумитаи тафтишотии Русия барои шиносоӣ кардани зархаридони хориҷӣ дар Украина
Михаил Мизинтсев илова кард, ки шаҳрвандони хориҷӣ аз Киев, Харков ва Мариупол берун бурда шуданд.
Амалиёти вижаи Русия дар Украина
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Представитель народной милиции Донецкой народной республики Эдуард Басурин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Басурин: Нерӯҳои Украина намегузоранд, ки сокинон аз Мариупол берун шаванд
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0