Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин хатари асосӣ дар Украинаро гуфт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин провел встречу с членами "Деловой России"
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президент бо канслери Олмон суҳбати тӯлонӣ дошт, ҳадафҳои асосии амалиёти вижаи Русия дар Украинаро ба ӯ фаҳмонд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Хавфи асосӣ дар Украина бурузи миллатгароёни нав аст. Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суҳбат бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс суҳбат кард.
Кишвардори Русия таъкид кард, онҳо аз усули роҳзанӣ ва террористӣ истифода карда, дар маҳаллаҳои истиқоматӣ аслиҳаи таҳоҷумӣ мустақар мекунанд.
Иртиҷоиён беш аз 6000 шаҳрванди хориҷиро, ки аксари онҳо донишҷӯёнанд, асир гирифтаанд.
Онҳо ҳамчун сипари зинда истифода мешаванд. Талоши мардум барои тарки манотиқи таҳти назорати нерӯҳои амниятии Украина бо силоҳ монеагузорӣ мешавад.
Ҳамчунин дар суҳбат бо Шолтс Путин бар нокомии ваъдаҳои Киев барои ҷилавгирӣ аз ин ваҳшоният ишора кард. Президенти Русия қайд кард, ки Русия барои муколама бо Украина ва дигар давлатҳое, ки мехоҳанд, сулҳро дар ин кишвари ҳамсояи он барқарор кунанд, омодааст.
Беженцы из ДНР и ЛНР в Ростовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия дар Украина низоми оромӣ эълон кард
Аммо ин ҳама дар ҳолате имконпазир аст, ки талаботи Маскав дар ин росто, бетарафӣ ё Украинаи ғайриҳастаӣ, ғайринизомисозии он, эътирофи Қрими Русия, инчунин соҳибихтиёрии ҶХД ва ҶХЛ иҷроӣ шаванд.
Путин изҳори умедворӣ кард, ки дар даври сеюми музокирот дар Беларус Киев мавқеи оқилона ва созандаро ишғол мекунад.
Илова бар ин раҳбари Русия ба Шолтс вазифаҳои амалиёти махсуси Русия барои ҳифзи Донбассро муфассал шарҳ дод.
Путин ба амалӣ шудани ҳадафҳои гузошташуда изҳори бовар намуд. Ғарб нақзи ҳуқуқи байналмилалии башарӣ аз ҷониби Украина ва радикалҳоро нодида мегирад, мегӯяд ӯ.
Президенти Русия таъкид кард, давлатҳо дар тӯли 8 сол аз наслкушии режими Киев алайҳи сокинони Донбасс чашм пӯшиданд.
Ба гуфтаи Путин, низомиёни Русия барои наҷоти ҷони ғайринизомиён тамоми чораҳои имконпазирро меандешанд ва маълумот дар бораи тирборон шудани шаҳрҳои бузург як таблиғоти холӣ аст.
Сотрудники Управления специальных операций НАБУ приняли присягу в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Русия шаҳракҳои нави Украинаро таҳти назорат гирифтанд
Дар навбати худ Шолтс аз амалиёти ҷангии фаъол ва гузоришҳо дар бораи талафот изҳори нигаронӣ кард.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Басурин: Нерӯҳои Украина намегузоранд, ки сокинон аз Мариупол берун шаванд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираашонро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0