Ду мансабдори аршади Амрико низ дар Русия таҳрим шуданд

© AP / Jacquelyn MartinТони Блинкен. Архивное фото
Тони Блинкен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Русия мегӯяд, феҳрасти мансабдорону тоҷирони Амрико, ки таҳти таҳрим қарор мегиранд, васеъ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико ва Ллойд Остин, вазири мудофиаи ин кишвар низ дар Русия таҳрим шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Русия хабар медиҳад.
Бояд гуфт, Русия худи шахси кишвардори Амрико Ҷо Байденро низ таҳрим кард.
Дар баёнияи вазорат омадааст, аз 15 март 13 мансабдори Амрико, аз ҷумла президент Ҷо Байден, писари ӯ Ҳантер Байден, вазирони умури дохилию мудофиа - Энтони Блинкен ва Ллойд Остин, мудири Идораи иктишофӣ Уилям Бернс, сухангӯи Қасри Сафед Ҷеннифер Псакӣ, номзади пешин ба президентии Амрико Ҳиллари Клинтон ва чанде дигар аз ин қабил мансабдорон таҳти таҳрим қарор гирифтанд.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Номзад ба президентии Фаронса мехоҳад ба Путин монанд бошад
Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки таҳримҳои ҷавобӣ дар баробари тасмимҳои ҳукумат барои ҳифзи иқтисоди Русия ва рушди устувори он сурат хоҳанд гирифт.
Таҳрим шудани мақомдорони Амрико дар ҳолест, ки дар пасманзари вазъияти Украина алайҳи ҳукуматдорони Русия низ дар ИМА маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Патрушев гуфт, далели қасди Киев барои ҳамла ба Донбассу Қрим ёфт шуд
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, артиш танҳо зерсохт ва нерӯҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор медиҳад.
Дар ҷануби Украина артиши Русия вилоятҳои Херсон, Мелитопол, Бердянскро зери назорат гирифта, Мариуполро муҳосира карданд, ҳоло дар канори шаҳр ҷанг идома дорад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0